Руденко: Русия ба Тоҷикистон кумак мекунад!

Маскав гуфт, ки Федератсияи Русия дар пасманзари вазъи ноором дар Афғонистон аз ҳама кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ пуштибонӣ хоҳад кард.

Андрей Руденко, муовини вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки вазъ дар Афғонистон то ҳол муътадил нест. Ӯ ин нуктаро дар конфронси II-юми осиёимарказии Клуби мубоҳисавии байналмилалии «Валдай», ки дар дар Нижний Новгород доир шуд, изҳор дошт.

Руденко гуфт, бо вуҷуди чунин бесуботӣ Русия мисли пештара ба ҳама кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар рафъи таҳдидҳои амниятӣ кумак хоҳад кард.

«Хатарҳо дар минтақа, пеш аз ҳама хатарҳои марбут ба Афғонистон аст, ки мутаассифона, вазъ дар он ҷо то ҳол муътадил нест»,- таъкид кард дипломат.

Ба гуфтаи ӯ, вазъ махсусан дар манотиқи шимолии Афғонистон печида шудааст. Вай афзуд, ки ин ҳолат шарикон, бахусус Тоҷикистонро нигарон кардааст.

Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи ӯ, Русия омода аст, ки бо кишварҳои минтақа ҳамкориҳои минбаъдаро идома диҳад. «Мо ба ин кишварҳо аз ҷиҳати низомӣ кумак мекунем, амнияти марзҳоро таҳким медиҳем ва дар чаҳорчӯби СПАД ёрӣ мерасонем»,- хулоса кард Андрей Руденко.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ ба хулосае омад, ки сарфи назар аз мавҷудияти мушкилот дар айни замон хатаротро бояд пешгирӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *