Русия: Муҳоҷирон ба табобати ройгон дастрасӣ пайдо мекунанд

Думаи давлатии Русия қонун дар бораи фонди ягонаи иҷтимоиро қабул кардааст, ки тарифҳои ягонаи пардохтҳои суғуртавӣ барои нафақаи ҳатмӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва тиббиро фаро мегирад.

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ зимни шарҳи қонун изҳор доштааст, ки аз соли 2023 тарифҳои ягона муқаррар карда мешаванд. Таъкид шудааст, ки ин қонун нисбати муҳоҷирони корӣ низ татбиқ хоҳад гардид. Ҳамин тариқ, коргарони хориҷӣ дар Русия метавонанд дар чаҳорчӯби бимаи тиббии ҳатмӣ дар баробари русҳо аз хидматҳои тиббӣ ройгон истифода баранд.

Зимнан, Ярослав Нилов, раиси кумитаи соҳавии парлумони Русия оид ба сиёсати иҷтимоӣ тавзеҳ додааст, ки “туризми тиббӣ” вуҷуд нахоҳад дошт. Вай афзудааст, ки муҳоҷирон танҳо се сол пас аз пардохти ҳаққи бима аз корфармоёнашон ба таври умумӣ муолиҷа хоҳанд шуд. То он лаҳза танҳо ёрии таъҷилии тиббӣ ба хориҷиёни коргар ройгон дастрас хоҳад буд.

Инчунин, бар асоси қонуни мазкур аҳолӣ ҳаққи бештар ба рухсатӣ барои табобат хоҳанд дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *