Русия рекорди ҷамъоварии ғалларо шикаст

Президенти Русия Владимир Путин хабар дод, ки кишвараш рекорди нави ҷамъоварии 155 миллион тонна ғалларо ба сабт расонидааст.

Владимир Путин дар ҷараёни боздид аз корхонаи ҳавонавардии Улан-Удэ гуфт: “Вазири кишоварзӣ ба ман гузориш дод, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 153 то 155 миллион тонна ғалла ҷамъоварӣ шудааст ва ин воқеан рекордест, ки дар тӯли таърихи муосири Русия назир надорад ва дар замони Шӯравӣ ҳам монанди он рух надодааст”.

Ин дуюмин сол аст, ки Русия рекорди нави ҷамъоварии ғалларо мешиканад. Дар соли 2022 рекорди 153,8 миллион тоннаро ба даст овард ва бо ҳамин болотарин рекорди қаблиро дар ҳар ду давраи Русияи навину Шӯравӣ, ки 135,4 миллион тонна буд, шикаст.

Ҳар ду натиҷаҳои имсолу соли гузашта ҳудуди 20 миллион тонна бештар аз рекорди қаблӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *