Форум

Форуми ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид (гузориш+аксҳо)

Дар доираи ҳамкориҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ» аз 13-ум то 15-уми марти соли ҷорӣ дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Санаи 13-уми март  дар фазои тантанавӣ  меҳмононро аз Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмонов намояндагони дипломатии Тоҷикистон, масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутасаддиёни Донишгоҳи миллӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Зимнан меҳмонони олиқадр ба Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, аз  Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат боздид намуданд.

Меҳмононро муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ҳамроҳӣ намуданд. Ба меҳмонон  маҷмуи экспонатҳои Осорхона ва фаъолияти Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллатро декани факултети таърих, доктори илмҳои таърих, профессор Раҳмоналӣ Шарифов муаррифӣ намуд.

Санаи 14-уми март дар маҷлисгоҳи  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода бо вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмонов баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар робита ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд.

Сипас дар толори калони Донишгоҳи миллӣ  Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ» баргузор гардид.

 Қаблан меҳмонон аз дастовардҳои илмию тахникии донишгоҳ, ки дар ошёнаи якуми бинои асосии  донишгоҳ бо тарроҳии наву замонавӣ ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд. Намоишгоҳ аз гӯшаҳои китобҳои таълифнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои тозанашри илмию таълимии устодону кормандони донишгоҳ, таҳқиқотҳои илмие, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар самтҳои гуногун анҷом дода шудаанд, дастгоҳҳои замонавии таълимӣ-истеҳсолӣ,  китобҳои нодири таърихӣ, дастовардҳои Маркази биотехнология ва Парки технологии донишгоҳ, Институти илмӣ-тадқиқотӣ, таҷҳизотҳои муосири фанҳои табиию риёзӣ, маҷаллаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ѓайра иборат буд, ки он  хеле таъсирбахш ва ҷолиби диққат буданд.

Баъд аз тамошои дастовардҳои донишгоҳ Форум расман ба кори худ шуруъ намуд.

Дар ҷараёни Форум вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмонов, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ва роҳбарони сохторҳои илмию таълимии ду кишвар иштирок доштанд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода қудуми мубораки меҳмомнонро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, дар идома, дар робита ба густариш ёфтани ҳамкориҳои илмию таълимӣ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарони олии ҳарду кишвар – Тоҷикистону Узбекистон суханронӣ намуд.

Сипас, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни суханронии худ зикр кард, ки дар самти ҳамкориҳои дуҷониба як қатор созишномаҳо миёни Ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Узбекистон ва муассисаҳои таҳсилоти олию илмии ин кишварҳо ба тасвиб расидаанд. Баргузор намудани Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар имкон фароҳам меорад, ки лоиҳаҳои гуногуни илмӣ татбиқ шаванд ва табодули таҷриба сурат гирад.

Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмонов таъкид кард, ки дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарони олии ду кишвар – Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мо ба таври мушаххас масъалагузориҳо шудааст, ки ҳамкориҳо дар самти маориф ва илмро ҷоннок намуда, барои рушди иқтисодиёти ду кишвар мутахассисони варзидаю соҳибкасб омода намоем.

Дар идомаи форум ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино Гулзода М., ректори Донишгоҳи миллии Узбекистон ба номи Мирзо Улуѓбек Маҷидов И., ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Файзуллозода М., ректори Донишгоҳи Аҷу дар шаҳри Тошкент Муратов Г., ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадёрзода У., ректори Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Институти муҳандисони ирригатсионӣ ва механиконии кишоварзии Тошкент» Мирзоев Б. дар робита ба масъалаҳои гуногуни илму таълим ва равобити байналмилалӣ суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни Форум миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон беш аз сӣ созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Гуфта мешавад, ки созишномаҳо дар робита ба самтҳои гуногуни соҳаи таҳсилоти олии кишварҳо омода гардида, дар самти омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи барномаҳои муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ  заминаи мусоид мегузоранд. Бояд гуфт, ки то имрӯз миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар наздик ба 70 созишнома ва ёддоштҳо оид ба ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.

Баъдан Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар ду бахш: «Муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти олӣ: афзалиятҳо ва траекторияи рушд» (гирдгардонандаи бахши мазкур ректори Донишгоҳи миллии Узбекистон ба номи Мирзо Улуѓбек, профессор Маҷидов И.У.) ва «Ҳамкории илмӣ-инноватсионӣ ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти нав» ( гирдгардонандаи бахши мазкур ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ, профессор Раҳмон Д.С.) баргузор гардид. Дар бахшҳо  намояндагони зиёда аз бист муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Узбекистон ва намояндагони зиёда аз сӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимнан таъкид шуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ равобити муштараки донишгоҳҳо ва марказҳои илмию таълимӣ муҳим мебошад.  Ҳамкориҳои имрӯзаи донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон метавонад барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни стратегӣ мусоидат намоянд. Гуфта шуд, ки робитаҳои иҷтимоию сиёсӣ,  фарҳангию иқтисодӣ ва байналмилалии кишварҳои Тоҷикистону Узбекистон дар ҳоли рушд қарор доранд. Ин аввалин вохӯрии дастаҷамъонаи ректорони донишгоҳҳои мамлакатҳои бародар буд, ки дар  доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи муқаррароти Протоколи ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматӣ дар робита ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон аз 30 майи соли 2022 ба роҳ монда шуд.

Лозим ба зикр аст, ки мазмун ва муҳтавои маърӯзачиёни  муассисаҳои олии кишвар дар такя ба нақши бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа медиҳанд, ҳамзамон, доир ба масоили  таҳкимбахши иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва омӯзиши технологияҳои муосир таҳия шуда буданд.

Баъд аз баргузории Форум ва суҳбату мулоқотҳои хоса Қарори тавсиявии Форум қабул гард ва ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Қисми фарҳангии Форум дар Кохи “Наврӯз”-и шаҳри Душанбе бо барномаи рангини фарҳангии омоданамудаи ансамбли халқии «Наврӯз»-и ДМТ ва иштироки сарояндагони маҳбуби кишвар доир шуд.

Ёдрас мешавем, ки дар заминаи форуми мазкур вохӯрии вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Абдураҳмонов И.Ю. ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоисматов Э.Р. бо донишҷӯёни узбек, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, баргузор гардид.  Дар вохӯрӣ оид ба масъалаҳои будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қоидаҳои дохили донишгоҳо ва иштирок дар машѓулиятҳо суҳбатҳои хотирмон сурат гирифт.

Талабшоҳ Иҳромов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *