Русия шаҳрвандигириро содда кард. Ба киҳо дахл дорад?

Русия феҳристи касбу ихтисосҳои хориҷиёнро, ки ба таври содда гирифтани ҳақи шаҳрвандии ин кишварро доранд, зиёд кардааст. Ҳуҷҷати дахлдорро Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ин кишвар тасдиқ кардааст.

Дар рӯйхати касбҳо бинокорӣ, тиб, деҳқонӣ, муаллимӣ, журналистика, муҳандисӣ ва ғайра ҳастанд. Дар маҷмуъ, ба рӯйхат 203 ихтисос дар 14 бахш дохил карда шудааст.

Вазорати меҳнат ҳамчунин феҳристи касбҳои хориҷиҳоеро, ки «аз рӯи ихтисосашон кор карда, квота барои додани шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси раводид ё иҷозатномаи кор ба Русия меоянд, татбиқ намегардад», тасдиқ кард. Ин рӯйхат 192 ҳолатро дар бар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки тағйирот ба Қонун “Дар бораи шаҳрвандӣ” коҳиш додани муҳлати будубош дар Русияро барои дарёфти ҳуҷҷати шаҳрвандӣ ба таври соддашуда пешниҳод мекунад.

Дар тарҳи қонун ҳамчунин коҳиши шумораи талабот ба беш аз 20 категорияи одамон ҳангоми қабул шудан ба шаҳрвандии Русия пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *