Садои шиор: Барои хотимаи сил сармоягузорӣ кунед! Ҳаёти одамонро наҷот диҳед!
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе таҳти шиори “Барои хотимаи сил сармоягузорӣ кунед. Ҳаёти одамонро наҷот диҳед” чорабинии иттилоотӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар чорабинӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, шарикони рушд, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намудаанд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз доштааст, ки пешгирии бемории сил яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Қайд гардидааст, ки давоми солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаю дурнамоҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза намудан бар зидди бемории сил таҳия ва қабул гардидаанд. Дар баробари ин, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалинамоии барномаҳои қабулгардида тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Гуфта шудааст, ки ташкили табобат мувофиқи талаботҳо маҳорат ва малакаи зиёдро натанҳо аз тарафи кормандони соҳаи тиб, балки инчунин аз худи беморони сил, аъзои оилаҳои онҳо баҳри бомуваффақият ба анҷом расонидани табобат талаб менамояд.
Дар идомаи суханронии хеш номбурда аз номи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ба Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва тамоми шарикони байналмилалӣ барои ҳамкории пурсамар ва бардавом дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил изҳори миннатдорӣ баён намудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ