Сафари ҳайати Узбакистон ба Тоҷикистон ба таъхир афтод

Сафари ҳайати ҳукумати Узбакистон ба раҳбарии муовини сарвазир Рустам Азимов ба Тоҷикистон як рӯз ба таъхир афтодааст. Қаблан гуфта мешуд, ин сафар 26 декабр сурат гирифта, намояндагони ду тараф масоили ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард. Хабаргузории «Азия-Плюс» бо такя ба манбаи худ навишт, эҳтимол ҳузур надоштани Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар, барои як рӯз дертар омадани ҳайати Узбакистон сабаб шудааст. Оқои Раҳмон рӯзи 26 декабр барои иштирок дар ҷаласаи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба Санкт-Петербург рафт. Интизор меравад, сафари ҳайати Узбакистон ба Душанбе рӯзи 27 декабр сурат гирифта, президенти Тоҷикистон рӯзи 28 декабр муовини нахуствазири Узбакистон ва раҳбари ҳайати ин кишварро ба мулоқот пазирад.

Бино ба иттилои манобеъ, ҷонибҳо дар Душанбе масъалаи содда гардондани низоми раводид миёни ду кишварро, ки соли 2000 ҷорӣ шудааст, баррасӣ ва дар бораи боз кардани роҳҳои заминӣ — роҳи оҳан ва равуои автобусҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон низ созиш хоҳанд кард. Ба гуфтаи як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон, рӯзҳои наздик дар марзи кишвар бо Узбакистон гузаргоҳҳои нави марзӣ боз ва ҳамкориҳо миёни мақомоти гумруки ду кишвар беҳтар хоҳад шуд.

Аз ибтидои соли 2017 Тошканд мехоҳад, дар Душанбе намоишгоҳи бузурги маҳсулоти Узбакистон, аз саноати мошин то маводи ғизоиро баргузор кунад. Қарор аст, дар ҳошияи ин намоишгоҳ нахустин форуми соҳибкорони узбаку тоҷик дар таърихи ду кишвар барпо шавад. Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамчунин дар ояндаи наздик метавонанд дар бораи ҷудо кардани бурсияҳои таҳсил ба донишҷӯёни ҳамдигар низ ба созиш бирасанд. Масъалаи ташкили сафари ҳайатҳои эҷодӣ ба кишварҳои якдигар низ истисно нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *