Сафари Муҳаммадтоир Зокирзода ба Маскав
Имрӯз, 9 декабр дар шаҳри Маскав ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мешавад.
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси намояндагон Муҳаммадтоир Зокирзода ва ҳамтоёнаш аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон вориди пойтахти Русия шудаанд.
Гуфта мешавад, ки вакилони порлумон масъалаҳои ҳамоҳангсозии қонунгузории кишварҳои узви СПАД дар соҳаи фанновариҳои иттилоотӣ ва муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ дар соҳаи масъулияти ин созмонро баррасӣ хоҳанд кард.
Ҳамчунин, тарҳи Муроҷиатномаи СПАД ба вакилони порлумони ҷаҳон дар робита ба 80-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назар аст.

Расонаҳои Русия хабар медиҳанд, ки Маҳмадтоир Зокирзода ҳамроҳ бо сарони парлумонҳои кишварҳои узви СПАД аллакай ба пояи муҷассамаи Сарбози ғолиб дар Маскав гул гузоштанд.
“Раиси Думаи давлатӣ ҳамроҳ бо ҳамкасбони худ хотираи сарбозони шӯравиро, ки корнамоии ҷовидониашон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ рамзи матонат гардида, дар Толори фахрии Осорхона абадӣ гардонида шудааст, бо як дақиқа сукут гиромӣ доштанд”,- афзудааст манбаъ.
Намояндагони парлумони кишварҳои узви СПАД ба намоишгоҳҳои Осорхонаи Ғалаба дар теппаи Поклонная низ шинос шуданд.
Ноиби раиси Думаи давлатӣ Виктория Абрамченко қайд кардааст, ки ба кӯшишҳои дубора навиштани таърих ҳам дар сатҳи парлумонҳои кишварҳои ин созмон ва ҳам дар сатҳи тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муқовимат кардан лозим аст.
Ба гуфтаи вай ҳамзамон аз ҳар гуна таърифи ҳаракати фашистӣ бояд пешгирӣ шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ