Сафири Амрико оромгоҳи Рӯдакиро зиёрат кард

Ҷон Поммершайм, сафири Амрико дар Тоҷикистон ҳангоми сафар ба шаҳри Панҷакент оромгоҳи Асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс – Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро зиёрат кард.

Инчунин, дипломати амрикоӣ  ба лоиҳаи барқарорсозии шаҳраки қадимӣ оғоз бахшидааст. Дар ин бора Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хабар додааст.

Аз сафари Ҷон Поммершайм ба Панҷакент наворе ҳам нашр шудааст, ки дар он ӯ ба забони тоҷикӣ суҳбат мекунад ва ду порча аз эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қироат мекунад:

Ҳеҷ ганҷе беҳтар аз фарҳанг нест,

То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.