Сафири Чин дар Кобул бо намояндаи Толибон дидор кард

Имрӯз 3-уми декабр  хабаргузории “SNA” аз мулоқоти сафири Чин дар Кобул хабар дод.

Ба иттилои манбаъ  Жоу Шинг, сафири Чин дар Кобул бо Муҳаммаднаим Вардак, муовини молӣ ва идории Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон* дар дидор масъалаи ҳамла ба шаҳрвандони Чин дар марзи Тоҷикистонро барраси карданд.

Ба навиштаи хабаргузори “SNA”, намояндаи Толибон* ҳамла ба шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистонро кори дасти “душманон” дониста мақсади онҳоро  “беэътимодӣ” миёни кишварҳои минтақа гуфтааст.    

Ба навиштаи телевизиони “ Safir”, сафири Чин аз ҳукумати Толибон* дар пайи иқдоми “сареъ” ин гурӯҳ изроҳи минатдори карда гуфтааст, ки ”омилони ин рӯйдод қасд доранд робитаи байни Кобул ва Пекинро халалдор намоянд”.

Ёдовар мешавем, ки дар як ҳафтаи охир дар ноҳияҳои марзии Тоҷикистон дар пайи ҳамла аз қаламрави Афғонистон 5 шаҳрванди Чин кушта ва 5 тани дигар захми шуданд.  

* Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эълон шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *