Мануэл Микаллер

Сафири нави Амрико: Тоҷикистон хонаи дуюми ман аст

Амрико ба Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ қариб 2 миллиард доллар кӯмак кардааст. Ин маблағ аз кӯмакҳои башардӯстона то барномаҳои рушди устувори иқтисодӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, кишоварзӣ, маорифро фаро мегирад.

Дар ин бора 12 марти соли равон Сафири нави Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер зимни аввалин вохӯрӣ бо журналистон дар Душанбе изҳор дошт.

Гуфта мешавад, ки соли 2022 ҳукумати Амрико танҳо тавассути USAID  ба Тоҷикистон ҳудуди 40 миллион доллар кӯмак бо мақсади рушд додааст.  

“Мо ягона кишвари бузургтарини донори Тоҷикистон боқӣ мемонем. Дар нақша дорем, ки кӯмакҳои худро боз афзоиш диҳем”,- иброз дошт Сафир.

Сафири Амрико Мануэл Микаллер таъкид дошт, оянда талош менамояд, ки сармоягузорони Амрикоро низ ба иқтисоди Тоҷикистон ҷалб созад.

“Барои сармоягузор, пеш аз ҳама таъмини субот ва иқтисодиёти шаффоф хеле муҳим аст. Фассод ва дигар монеаҳо набояд бошанд.  Мо аллакай бо намояндагони мақомоти дахлдори Тоҷикистон вохӯрӣ доштем. Кӯшиш менамоем, ки таҷрибаи пешрафтаи иқтисоди Амрикоро дар Тоҷикистон амалӣ гардонем”,-гуфт Мануэл Микаллер.

Сафир ҳангоми суолу ҷавоб бо журналистон, шуғли дӯстдоштаашро низ гуфт. “Табиатро зиёд дӯст медорам. Махсусан, гаштугузор дар ҳавои кӯҳсор. Тоҷикистон ба Калифорния хеле монанд аст. Метавон дар инҷо рушди сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии кӯҳгардиро рушд бахшид. Дар ин маврид ҳам потенсиали худро истифода хоҳам кард. Зеро Тоҷикистон хонаи дуюми ман аст”, – таъкид намуд Сафир.  

Возможно, это изображение 1 человек, стоит и на открытом воздухе

Ёдовар мешавем, ки Сафири нави Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер оғози моҳи марти соли равон ба фаъолият оғоз кард. 

Гуфта мешавад, ки ӯ бо таҷрибаи сисолаи фаъолияти дипломатӣ ва ба ҳайси мутахассиси масоили Осиёи Марказӣ, малакаи раҳбарӣ ва тахассуси лозимаро дорад. Номбурда Мануэл Микаллер дар мансаби сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершаймро иваз намуд, ки аввали соли 2019 ба ин мансаб таъин шуда буд.

То таъинот ба ин вазифа Поммершайм ба ҳайси муовини роҳбари намояндагии дипломатии ИМА дар Остона (солҳои 2015-2018) фаъолият доштааст.

Мануэл Микаллер бошад, пештар дар сафоратҳои ИМА дар Непал, Муғулистон, Марокаш ва Тоҷикистон ифои вазифа намуда, дар Департаменти давлатӣ вазифаи баландро бар зимма дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *