Сафири нави Русия дар Тоҷикистон ба Имомӣ эътимоднома супорид

Сафири фавқулода ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев нусхаи эътимодномаашро ба муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон супорид.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳоро муҳокима намуданд.

Манбаъ афзуд, ки Содиқ Имомӣ Семён Григоревро ба муносибати таъйин гардидан ба мансаби сафири кишвари дӯст табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти дипломатиаш барои рушди бемайлони муносибатҳои дуҷониба муваффақият орзу намуд.

Маврид ба зикр аст, ки Григорев ҳайси сафири нави Русия нимаи моҳи октябр вориди Душанбе шуда буд. Фармони таъйини Григорев ба мақоми сафир ва барканории Лякин-Фроловро аз ин вазифа Президенти Русия Владимир Путин моҳи августи соли равон имзо карда буд.

Семён Григорев соли 1960 дар шаҳри Москва таваллуд шуда, забонҳои форсӣ, пашту ва англисиро балад аст. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва буда, қаблан ҳамчун мушовири сиёсии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон ва мушовири сафорати Русия дар Афғонистону Эрон фаъолият доштааст.

Семён Григорев аз соли 2008 то 2018 нахустин сафири Русия дар Абхазистон баъди эътирофи ин кишвар аз ҷониби Маскав буд. Аз моҳи августи соли 2018 то таъйиноти нав мудири Департаменти равобит бо субъектҳои Федератсия, парлумон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати корҳои хориҷии Русия буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.