Сафири нави Русия дар Тоҷикистон таъин шуд. Семён Григорев кист?

Сафири нави фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев таъин гардид. Фармон дар бораи таъини ӯро президенти Русия Владимир Путин имзо кардааст.

Дипломати рус Семён Вячеславович Григорев соли 1960 дар Маскав таваллуд шудааст. Соли 1983 факултети муносибатҳои байналмилалии МДҲМ-ро хатм кардааст. Соли 1983 ба вазифаи дипломатии Сафорати СССР дар Афғонистон таъин шуд.

Дар тӯли ин солҳо дар кишварҳои Ховари Миёна ва Осиё хидмати дипломатӣ дошта, ба ҳайси мушовири намояндагии САҲА дар Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи феврал то декабри соли 2008 дар вазифаи муовини директори департаменти чаҳоруми ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русия кор карда, масъалаҳои Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро назорат мекард.

Солҳои 1987-1990 дар вазифаи ассистенти калон, атташеи шуъба/шуъбаи кишварҳои Шарқи Наздики Вазорати корҳои хориҷии СССР кор кардааст.

Аз соли 1990 то соли 1997 дар вазифаи котиби сеюм (баъдтар — дуюм ва якум) дар Сафорати СССР/Русия дар Эрон кор кардааст.

Аз соли 1997 то 2000 мушовир, сардори шуъбаи Эрон дар Раёсати сеюми Осиёии Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Аз соли 2000 то 2001 ба ҳайси мушовири сиёсии Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон кор кардааст.

Дар соли 2001 ӯ барномаи сулҳи СММ ва дипломатияи пешгирикунандаро хатм кардааст.

Аз соли 2001 то 2003 ба вазифаи мушовири (баъдтар сардор) шуъбаи Эрон дар Раёсати саввуми Осиёии Вазорати корҳои хориҷии Русия таъин шуд.

Аз соли 2003 то 2006 муовини директори Департаменти чоруми кишварҳои ИДМ Вазорати корҳои хориҷии Русия (доир ба масъалаҳои муносибатҳои Русияву Гурҷистон).

Аз соли 2006 то 2008 дар вазифаи мушовири вазири Сафорати Русия дар Афғонистон кор кардааст.

Аз феврал то декабри соли 2008 муовини директори департаменти чоруми Вазорати корҳои хориҷии ИДМ (масъалаҳои Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ).

Аз 25-уми октябри соли 2008 то 30-юми марти соли 2018 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Абхозистон.

Аз 1-уми августи соли 2018 директори департаменти робита бо субъектҳои федератсия, парлумон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Забонҳои форсӣ, англисӣ, пашту ва дариро хуб медонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *