Академик, собиқ ректори ДМТ Фозил Тоҳиров даргузашт

Фозил Тоҳиров, ҳуқуқшиноси маъруф, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, собиқ ректори ДМТ имрӯз, 16-уми август дар синни 83-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ вафот кард.

Мавсуф соли 1939 дар Конибодом ба дунё омада, риштаи ҳуқуқшиносии ДДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ аз соли 1966 то 1995 дар вазифаҳои гуногун дар ҳамин донишгоҳ фаъолият намудааст. Солҳои 1990-1995 ректори ДДМТ буд. Сипас ба кори Академияи илмҳои ҶТ гузашт ва солҳои 1995-2006 саркотиби илмии Академияи илмҳои ҶТ ва аз соли 2006 директори Пажуҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ, раиси Ҷамъияти «Дониш»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Фозил Тоҳиров аз собиқадорони риштаи ҳуқуқ дар кишвар ба ҳисоб мерафт. Ба унвонҳои Арбоби илму техника, узви пайвастаи Академияи илмҳои ҶТ (2008), доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ (1988), профессор (1990) мушарраф гардида буд.

Ба қалами ӯ 150 асару китоби илмӣ ва таълимӣ таълиф гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *