Сафири Тоҷикистон дар Чин брифинг баргузор кард

Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) брифинги Сафири Тоҷикистон дар Чин бахшида ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҳошияи брифинг намояндагони сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи об ва экология, намояндагони кишварҳои аъзо, нозир ва шарикони муколомавии СҲШ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Чин ширкат варзиданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти омодагӣ ба Конфонси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” зери мавзӯи “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”, ки 6-9-уми июни соли 2022 дар Душанбе баргузор мешавад, иттилоъ додааст.

— Зимнан, ба иштирокчиёни брифинг маълумоти муфассал оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, мақсад ва натиҷаҳои интизоршаванда марбут ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд, барнома ва чорабиниҳои тадорукотию ташрифотӣ манзур гардид. Дар фарҷоми брифинг Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои манфиатдор, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони ҳавасмандро ҷиҳати иштироки фаъол дар кори Конфронси байналмилалӣ даъват кард,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.