Сафирони Подшоҳии Марокаш, Бразилия ва Маҷористон дар Тоҷикистон нав шуданд

13-14 июн сафирони навтаъйини Подшоҳии Марокаш Муҳаммад Рашид Маанину, Бразилия Олинто Вией ва Маҷористон  Отто Иван Рона дар Тоҷикистон нусхаи эътимодномаҳои худро ба муовини Вазири корҳои хориҷии кишвар Музаффар Ҳусейнзода супориданд. Дар ин бора  Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.

Зимни вохӯриҳо Музаффар Ҳусейнзода бо сафирони навтаъйин дар бораи самтҳои авлавиятноки ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар кард.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ дипломатҳоро ба муносибати таъйин шуданашон ба вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтор дар  Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо  дар фаъолияти корӣ барору комёбӣ таманно намуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.