Сагҷанг ташкил карду боздошт ва ҷарима шуд (аудио)

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошту ҷаримаи ҷавоне хабар дод, ки нисбати ҳайвонот муносибати бераҳмона доштааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар асоси муроҷиати электронии як нафар шаҳрванд, сокини шаҳри Душанбе барои муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот шаҳрванд Қудратов Аъзамҷон Уктамович, соли таваллудаш 04.08.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Ҷамила боздошт шудааст.

Зимни санҷиш ва пурсиши Қудратов Аъзамҷон муайян карда шудааст, ки номбурда мунтазам нисбати ҳайвонот, махсусан сагҳои хурдҷуссаву хурдсол бераҳмӣ намуда, бо саги ҷангии худ, ки зоти «Питбул» мебошад, миёни ҳамдигар ҷанг меандохтааст. Аз ҷумла, санаи 16-уми майи соли ҷорӣ низ дар натиҷаи чунин муносибати бераҳмона бо ҳузури кӯдакони хурдсол сагҷанг ташкил намудааст, ки дар натиҷа саги ҷангии номбурда саги заиферо ба ҳалокат расонидааст.

– Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Қудратов Аъзамҷон тибқи талаботи моддаи 277-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба миқдори 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ карда шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *