Сайфулло Мамадризоев: Қирғизҳо хонаю дарамро сӯхтанд!

Сайфулло Мамадризоев яке аз садҳо ҷабрдидаи ҳамлаи ногаҳонии нерӯҳои қирғиз ба хоки Тоҷикистон мебошад. Ин пирамард сокини деҳаи Боғистони ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара аст ва дар рафти низоъи марзии пурқурбонӣ, ки рӯзҳои 14-17-уми моҳи равон сар зад, хонаву дарашро қирғизҳо ба хокистар табдил доданд.

Тавре худи Сайфулло Мамадризоев нақл мекунад, манзили онҳо дар кӯчаи Дӯстӣ воқеъ гашта, дар ин ҳавлӣ 14 нафар зиндагии осоишта доштанд. Аҳли хонавода ҳатто ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеоварданд, ки рӯзе қирғизҳо ба сари онҳо тиру камон кашида, хонаву хонумонашонро ба хоки сиёҳ яксон мекунанд, вале…

Нонамонро хӯрда, хонумонамонро сӯхтанд!

Амаки Сайфулло он рӯзи наҳсро пеши назар оварда, гирякунон бо алам қисса мекунад: “Дар як ҳавлӣ 12 ҳуҷра сохта будем. Сохтани ин қадар хонаи калон кори саҳлу осон нест, барои сохтмони ин манзил ҷавониямонро сарф карда, бо меҳнати ҳалолу арақи ҷабин манзиламонро обод кардем. Азбаски оилаи калон ҳастем, ғами зимистонамонро низ зиёд хӯрда, ба миқдори зиёд гандум, орд, шолию равған ва дигар анвои хӯрданиро захира карда будем. Барои фасли зимистон тайёрӣ дида, сӯзишворӣ ва ангишт харидем, вале ҳамааш дар як дам ба коми оташ рафта, хонумонамон ба хоки сиёҳ яксон гашт. Ҳамон рӯзи ҷанг пагоҳӣ яке гумбости таркиши сахте ба гӯшамон расид. Ҳама тарсидем. Аз байн дақиқае нагузашта, садои тиру тӯфанг баланд шуд. Ман аз тарси ҷони модарам ва фарзандонам 14 нафарро ба як автомашина бор кардам, то ки ба ягон ҷойи амнтар барам. Ҳамсарам гуфт, ки ҳадди ақал ҳуҷҷатҳоямонро гирем, вале аз шиддати асабоният ба тамоми овоз дод зада, гуфтам, ки ягон ҳуҷҷат — пуҷҷат лозим нест. Тез ба мошин савор шав! Хулоса, хонаю дарамон, тамоми ҳуҷҷатҳоямон аз шаҳодатномаи таваллуд сар карда, маблағҳову захираҳоямонро қирғизҳо сӯхтаанд. Акнун Худо ба халқу ҳукумат инсоф диҳад, ки ба мо дасти ёрӣ дароз кунанд. Айни замон як бурида нон диҳанд, мо зинда, як мушт зананд, мо мурда, чунки ҷуз ҷонамон дигар ягон чизамон намонд, ҳатто як пар либосамонро бо худ нагирифтем…”.

20 нафар ба як мошин савор шудему…

Ин марди азияткашида нақлашро идома дода, мегӯяд: “Тахминан як километр болотар хонаи қудоямон аст, ба он ҷо расидему болои 14 нафар боз 6 нафар аҳли оилаи онҳоро ба мошин бор кардем. Дасту поямро ларза гирифта буд, дигар нақлиётро идора карда натавонистам. Ба писарам гуфтам, ки ту сари чамбараки мошин нишин. Вақте аз хонаи қудо каме дуртар рафтем, аз пеши роҳамон як низомии тоҷик баромад ва моро роҳнамоӣ кард, ки самти ҳаракатамонро дигар кунем, зеро дар поёни роҳи рафтаистодаи мо ҷангиёни қирғиз мисли як гала гургони хуношом, ки сайди худро мепоянд, тоҷиконро мепоидаанд. Ҳамин тавр, самти ҳаракатамонро дигар карда, ба ҷойи тинҷтар расидем ва баъди хомӯш шудани оташи ҷанг ба хона баргашта, дидем, ки аз 12 дар хона ва ошхонаву молхонаву анбору дигар сохтмонҳои ҳавлӣ танҳо хокистар ва бӯйи ғализи сӯхтор боқӣ мондаасту халос…”.

Танҳо дар деҳаи Боғистони шаҳри Исфара ба ҷуз оилаи Мамадризоевҳо боз хонаву дарди 5 оилаи дигарро қирғизҳо сӯхта, бесарпаноҳ мондаанд.

Мо ҳамеша ҳурмати ҳамсояро ба ҷо оварда, дар тӯли таърих ягон бор сабабгори асосии муноқиша нашудаем, вале қариб ҳар сол қирғизҳо ба сари тоҷикон тохта, бо ҳар баҳона дар ҳар гӯшаи кишвари мо бедодгарӣ мекунанд. Хуни бегуноҳонро мерезанд, ашки модаронро шашқатор мекунанд, тифлони ташнаи шири модарро аз хун сер месозанд.

Бераҳмии ҷаллодонаи қирғиз ба дараҷае расидааст, ки ҳатто Асмоаи 6-сола ва Имрони 5-соларо, ки намедонистанд ҷанг чисту дӯст кисту душман кист, ҳадафи тири худ қарор доданд. Ин кӯдакони бегуноҳ дар дунёи кӯдакии худ ғарқ буданд ва аз сад гулашон як гулашон нашукуфта, аз дасти қотилони қирғиз кушта шуданд. Қатли ин ду кӯдак ва боз чандин кӯдакони бегуноҳ нафрати на танҳо мардуми тоҷик, балки бадбинии мардуми сайёраро нисбат ба қирғизҳои кӯрдил боз ҳам бештар кард.

Фарзона МУРОДӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *