Садамаи маргбор дар нақби Шаҳристон

Шоми 6 декабр бар асари дар дохили нақби Шаҳристон ба як мошин вайрони «Дулан” бархӯрдани мошини «Опел-Астра” ду мусофири ин мошин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Ҳамаи онҳо аз ноҳияи Айнӣ будаанд.

6-уми декабри соли 2017, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Умаров Шамсималик Алламаликович, соли таваллудаш 1970, сокини деҳаи Путхини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаннок, дар ҳудуди н.Айнӣ, дар дохили нақби Шаҳристон, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Дулан», таҳти идораи ронанда, Хуҷанапасов Давлат Комилович, соли таваллудаш 1994, сокини ш.Кӯлоб, ки дар дохили нақби мазкур дар ҳолати корношоям қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофирони автомашинаи тамғаи «Опел-Астра” Латифова Холбибӣ, соли таваллудаш 1949, нафақахӯр ва Муҳаммадиев Бурҳон Кулович, соли таваллудаш 1982, сокинони деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ, ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра” Умаров Ш. ва мусофирони дигараш Муҳаммадиев Мавлон Кулович, соли таваллудаш 1960 ва хурдсол, Меҳрнигори Мавлон, соли таваллудаш 2011, сокинони деҳаи Сангистони н.Айнӣ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *