Санад имзо шуд. Ҷонибҳо қувваҳои иловагӣ ва техникаи ҳарбияшонро пас мегардонанд (аудио)

Тоҷикистону Қирғизистон Санад дар бораи баргардонидани қувваҳои иловагӣ ва техникаи ҳарбӣ ба мавзеи қарордошти доимияшон ба имзо расониданд.

Гуфта мешавад, ки ин тасмим дар ҷаласаи навбатии кории намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли низои мусаллаҳона дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бодканд, ки рӯзи 19-уми сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон” баргузор гардид, гирифта шудааст.

Санади мазкур аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов С. ва муовини раиси Кобинаи вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон — раиси Кумитаи давлатии амнияти милли Чумҳурии Қирғизистон Тошиев Қ. ба имзо расидааст.

Тибқи ин санад ҷонибҳо уҳдадор шудаанд, ки амалиёти ҷангӣ, истифодаи ҳамагуна аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро дар манотиқи марзии вилояти Суғд ва вилояти Бодканд комилан қатъ намуда, қӯшун ва техникаи ҳарбиро аз манотиқи марзии вилояти Суғд ва Бодканд ба мавзеи асосии қарордошташон бубаранд.

Дар заминаи гузаргоҳи «Гулистон» (Тоҷикистон) барои назорати иҷрои протоколи мазкур аз ҷумлаи намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони неруҳои марзбонӣ, амният ва корҳои дохилии ҳарду давлат комиссияи кории муштарак таъсис дода мешавад.

«Иҷрои қатъии муқаррароти протоколи имзошуда барои ҳарду ҷониб ҳатмист»,- таъкид мешавад дар ҳуҷҷат.

Ба мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо супориш дода шудааст, ки даргириҳои мусаллаҳонаи рӯзҳои 14 ва 17-уми сентябри соли 2022 дар манотиқи марзии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон рухдодаро, ки боиси зарари калони маънавию моддии ҳар ду ҷониб гардид, ҳамаҷониба тафтиш намоянд ва сабабҳои ба амал омадани онҳо муайян карда шаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.