Сангпартоии ноболиғон дар пойтахт
Ноболиғоне, ки дар пойтахт ба сӯйи якдигар сангпартоӣ карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон карданд, боздошт шуданд.
Гуфта мешавад, ки 9-уми сентябр дар кӯчаи Борбади ноҳияи Сино гурӯҳи ноболиғон ба сӯйи ҳамдигар сангпартоӣ кардаанд, ки навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардидааст.
Навор аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт мавриди санҷиш қарор дода шудааст.
Ноболиғон аз шӯхию бозӣ ба муноқиша гузашта, ба суйи ҳамдигар сангпартоӣ намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.
Шаш нафар ноболиғони 9 ва 10 – сола ба шӯъбаи милитсия дастрас карда шуда, бо волидайни онҳо суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ