Сарбоз: Пепси ва кола ҳароманд ё ҳалол?

Исбот шудааст, ки пепси ва кола ба саломатии инсон зарароваранд, зеро онҳо таъсири манфӣ доранд. Оё нӯшидани онҳо аз нигоҳи дини мубини Ислом ҳалол аст ё ҳаром?

САРБОЗ, шаҳри Панҷакент

Посух:

Истеъмол намудани ҳар чизе, ки зарараш ба бадан собит шудааст, ҷоиз нест, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст: «Ва худатонро накушед, зеро Аллоҳ ба шумо меҳрубон аст». (Сураи Нисо: 29). Паёмбар (с) фармудааст: «Бар худ ва дигарон зарар расонидан ҷоиз нест». Агар собит шавад, ки яке аз нӯшокиҳо ва ё хӯрокҳо ба бадан зарари воқеӣ дорад, истеъмоли он ҷоиз нест. Аммо агар ин чиз танҳо гумон ё даъвое бошад, бо ин гуна чизҳо, ҳукми он ҳаром намегардад. Асос дар хӯрокҳову нӯшокиҳо ин аст, ки онҳо ҳалол мебошанд, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст: «Ӯст, ки ҳамаи чизҳоеро, ки дар замин аст, бароятон офарид». (Сураи Бақара: 29). Аз ин рӯ, ягон хӯрок ва ё нӯшокиро бар асоси гумон ва шаку шубҳа ҳаром гуфтан ҷоиз нест, магар бо далели саҳеҳе, ки бар (ҳаром будани) он далолат кунад. Агар исбот шавад, ки ин нӯшокиҳо зарароваранд ва аз сабаби зарарашон ҳаром карда шаванд, танҳо ҳамон миқдоре, ки зарар дорад, ҳаром аст. Агар миқдори ками он зарар надошта бошад, он ҳаром намегардад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.