Сари ду тоҷикзанро тарошиданд

Ба дасти сомонаи «Ахбор” видеое расид, ки дар он чанд ҷавон ду ҷавонзани тоҷикро ба танфурӯшӣ айбдор карда, мӯи сарашонро метарошанд.

Бознашр аз «Ахбор»

Яке аз ин ҷавонзанҳо этирозе намекунад, вале дуюмӣ аз ҷавонҳо зориву илтиҷо мекунад, ки ин корро бас карда, агар намозро ёдаш диҳанд, намозхон мешавад. Вале ҷавонон ба зориҳои ӯ нигоҳ накарда, мӯяшро метарошанд.

Дар видеое, ки ба дасти сомонаи «Ахбор” расид ва бовар меравад, ки ба тозагӣ дар Маскав сабт шудааст, дида мешавад, ки чанд ҷавон ду ҷавонзанро, ки дар тан ба ғайр аз либоси таҳпӯш либоси дигаре надоранд, дар даруни тағораи ҳаммоми як манзил дароварда, бо калтак мезананд. Онҳо ин ҷавонзанҳоро ба танфурӯшӣ айбдор мекунанд. Яке аз занҳо, ки ба русӣ ҳарф мезанад, ба тақдир тан дода, чизе намегӯяд.

Вале ҷавонзани дуюм, ки тоҷикӣ сӯҳбат мекунад, аз ҷавонҳо илтиҷо мекунад, ки ӯро назананд. Ӯ қасам мехӯрад,ки «пеш мекардам, вале 5-6 моҳ шуд, ки бас кардам. Пушаймонам. Агар касе ба ман намозро ёд диҳем, намозҳоямро хонда, тавба мекунам. Илтимос, акаҷонҳо!”

Яке аз ҷавонҳо аз онҳо мепурсад, ки ҳаққашон чанд буд. Ҳарду мегӯянд, ки аз як муштарӣ ду ҳазор рубл мегирифтанд.

Баъди чанде бо калтак задани ин ду ҷавонзан яке аз ҷавонҳо ба дуюмӣ амр медиҳад, ки «Ҷамшед, сари ҳардуяшро тарош.”

Ҷавони дуюм, ки риш дорад, ибтидо сари ҷавонзанеро, ки ба русӣ сӯҳбат мекарду ба амали ин ҷавонҳо эътирозе баён намекард, пурра тарошид. Ҷавонзани дуюм боз ҳам аз онҳо илтиҷо мекунад, ки мӯи сарашро натарошанд: «Ба наздикӣ хона меравам, модарам ин ҳоли маро бинад, дилаш мезанад. Илтимос, акаҷон, мӯямро натарошед.”

Вале бо ин вуҷуд сари ин ҷавонзанро ҳам хам карда, мӯяшро тарошиданд.

Чунин тарзи муҷозоти занони гумонбар дар танфурӯшӣ қаблан ҳам мушоҳида шудааст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Раҳмон Сангинов, мулаққаб ба Раҳмон-Гитлер, дар Теппаи Самарқандӣ чанд зани гумонбар ба бадрафториро мӯи сарашонро тарошида, ҷазо дода буд.

Ҳамин тавр, чанд сол пеш роҳбари як ҷамъияти тоҷикон дар Екатеринбург амр дода буд, ки сари ду зани тоҷики гумонбар ба танфурӯширо тарошида, ҳардуро ба Тоҷикистон бифиристанд.

Ҳамчунин дар соли 2015 видеое нашр шуда буд, ки дар он ҷавонони тоҷик дар шаҳри Дубай як зани миёнасол аз Бухороро ба ҷалби занони тоҷик ба танфурӯшӣ айбдор карда, мӯи сарашро тарошида буданд.

Видеои ахир, ба гуфтаи онҳое, ки ин наворро ба сомонаи «Ахбор” фиристоданд, ба тозагӣ дар Маскав сабт шудааст. Ин видео дар ҳоле ба дасти «Ахбор” расид, ки бино ба гузоришҳо, рӯзи 15 декабр дар шаҳраки Мурино дар канори Санкт-Петербург пулис як фоҳишахонаи махфии танфурӯшон аз Тоҷикистонро ошкор кард. Дар ин фоҳишахона се танфурӯш ва «Мама Роза”-*и онҳо бо номи Лола, ки низ аз Тоҷикистон будааст, ва «крыша»-и онҳо – як ҷавони қафқозитабор дастгир шуданд.

Аммо ҷомиашиносон мегӯянд, бо тарошидани мӯи сару латукӯб танфурӯширо наметавон решакан кард. Ба ақидаи онҳо, бояд омилҳои зояндаи танфурӯшӣ, ки асосан фақру тангдастӣ аст, аз байн бурда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *