Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон дар Қазоқистон мулоқот карданд (аудио)

13-уми октябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси ҷониби Русия мулоқоти сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар мулоқот сарони давлатҳо оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ табодули афкор кардаанд.

Зимни вохӯрӣ раванди гуфтушунидҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардидааст.

— Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои бамиёномада танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ, инчунин тавассути фаъолгардонии кори гуруҳҳои ҳукуматӣ ва коршиносон оид ба делимитатсия ва демаркатсия тибқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда ҳал карда шаванд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *