Ғалабаи навбатии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар самти кафолати сифати таҳсилот (аудио)

Бо ибтикори Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги (IAAR) Ҷумҳурии Қазоқистон санаи 7-уми октябри соли 2022 дар шаҳри Алмаато дар заминаи Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ Форуми VI-уми байналмилалии Осиёи Марказӣ оид ба кафолати сифати таълим «Ҳамкории фаромиллӣ дар фазои ҷаҳонии таълим» баргузор гардид.

Дар Форум «Рейтинги донишгоҳҳои АвруОсиёи IAAR (IAAR-EUR) — 2022» дар асоси таҳлили объективӣ дар самтҳои асосии зерин:

— сифати ҳайати омӯзгорон ва омӯзгороне, ки соҳиби мукофотҳои бонуфузи илмӣ шудаанд;

— иқтидори тадқиқотӣ, аз ҷумла мақолаҳои илмӣ, нашрияҳо дар маҷаллаҳои пешбар, таъсир ба муҳити таълимӣ ва истинод ба мақолаҳои илмӣ;

— ҳамгироии донишгоҳ ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ;

— тамаркузи баланди донишҷӯён, магистрҳо, докторантҳо;

— шуғлнокӣ ва талабот ба хатмкунандагон дар бозори меҳнат ҷамъбаст карда шуд.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаи илму маорифи мамлакат 27-уми сентябри соли 2022 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалӣ ширкат варзида, дар байни донишгоҳҳои АвруОсиё ҷойи ифтиҳориро ба даст овард ва ба чоргонаи донишгоҳҳои бонуфузи АвруОсиё шомил гашт. Донишгоҳ бо ҷоизаи бонуфузи “Ситораи сифат”-и рейтинги байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олӣ “Рейтинги донишгоҳҳои АвруОсиёи IAAR (IAAR-EUR) — 2022» сарафроз гардид.

Рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олӣ — барометри бозори ҷаҳонии хизматрасониҳои таълимӣ мебошад. Муваффақияти рақобатпазирии донишгоҳ обрӯ ва нуфузи он дар фазои таҳсилоти байналмилалӣ ва миллӣ буда, рейтингҳо дар баланд бардоштани ҷолибият ва эътирофи донишгоҳ на танҳо барои довталабон, балки барои корфармоён, ҷонибҳои манфиатдор ва дар маҷмуъ ҷомеа нақши калидӣ мебозанд.

Рейтинги IAAR ба баланд бардоштани рақобатпазирии хизматрасониҳои таълимӣ мусоидат намуда, огоҳии ҷомеаро дар бораи мутобиқати сифати таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат таъмин менамояд ва хусусиятҳои рушди системаи маорифи Тоҷикистонро ба инобат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *