Сайри бозори асъор

Имрӯз, 24 ноябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    8.8300 сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро  аз 10.4100 то 10.5600 сомонӣ ва 1 рубли русӣ  аз 0.1495 то 0.1520 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 24 ноябр қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8177 сомонӣ, 1 евро = 10.4454  сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1495 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо  анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта,   боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *