Сел вайрон карду кушту бурд

Кумитаи ҳолатҳои изтирории ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки дар Тоҷикистон бар асари омадани сел як қатор роҳҳои ҷумҳуриявӣ муваққатан баста шуданд. Аз ҷумла, рӯзи 4 май дар километри 448-уми шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Ванҷ дар наздикии шаҳраки Хехики ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар натиҷаи боришоти шадид сел фаромаданд. Роҳ муваққатан баста шуд.

Ҳамчунин сел роҳи байни деҳаҳои Мазори Шарифи ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ва деҳаи Артучи ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғдро низ бастааст. Роҳҳои номбурда аз оқибатҳои офати табиӣ тоза карда шуда, айни замон роҳҳо кушодаанд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи КҲФ, корҳо барои рафъи оқибатҳои обхезӣ дар деҳаи Ятини ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд идома доранд.

Дар ин ҷо бегоҳии 4 май ҳам сел фуромад. Ҳамчунин дар ин рӯз ҳангоми бозгашти рамаи рамаи хурди шохдор аз чарогоҳ дар деҳаи Қайнари ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон аз дара сел фаромаданд. Дар натиҷа се бузу гусфанд ҳалок шуд. «Бо мақсади пешгирии фаромадани сел комиссияҳои минтақавӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда дар маҳалҳо фаъолият доранд.

Бино ба як навори видое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дар деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор 130 гӯсфанд бар асари борону селобаи рӯзи 4-уми май талаф шудаанд.
То ҳол ҷузъиёти чӣ гуна талаф шудани ин саршумори зиёди чорво маълум нест.

“Айни замон корҳои тоза кардани соҳилҳои дарёҳо, сайёҳо, селу каналҳо идома доранд”, — қайд мекунад дар КҲФ. Агентӣ ҳамчунин хабар медиҳад, ки барои ҳифзи аҳолӣ ва иншооти иҷтимоию иқтисодӣ, пешгирӣ ва сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиии эҳтимолӣ дар давраи обхезӣ дар шаҳру навоҳии кишвар тадбирҳои пешгирикунанда идома доранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.