Сергей Шойгу бо Шералӣ Мирзо телефонӣ суҳбат кард

— Рӯзи душанбе, 4-уми июл як гуфтугӯи телефонии Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ва Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон сурат гирифт,- менависад gazeta.ru бо такя ба маълумоти Вазорати мудофиаи Русия.

Бино ба иттилои манбаъ, вазирон масоили амнияти минтақа ва вазъи ҳамкориҳои низомӣ ва низомию фаннӣ миёни Русияву Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

— 4-уми июли соли 2022 гуфтугӯи телефонии вазири мудофиаи Федератсияи Русия, генерали артиш Сергей Шойгу ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо баргузор гардид. Раҳбарони вазоратҳои дифоъ масъалаҳои амнияти минтақа, ҳамчунин вазъи ҳамкориҳои низомӣ ва низомию техникии Русияву Тоҷикистонро баррасӣ карданд,- омадааст дар хабари Вазорати мудофиаи Русия.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.