Шаҳри Турсунзода натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодиро сазовор ҷамъбаст кард

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро дар нимсолаи якум ҷамъбаст кард. Гуфта мешавад, ки бо мақсади иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Таҷикистон, фармоишу қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дастуру супоришҳои дар паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони шаҳр дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, шаҳрдорӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Соли ҷорӣ бо шарҳи муҳтавои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар ҳудуди шаҳр 114 вохӯрӣ ва суҳбату мулоқотҳо бо аҳолӣ гузаронида шудаанд.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 5 фармон ва 7 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 фармоиш ва 51 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 68 банди супоришҳои протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 393 мактуби ҷумҳуриявӣ, 284 супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1101 мактуби шаҳрӣ, 121 барқия ва 3148 аризаи шаҳрвандон ворид гардида, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар муҳлати муқаррашуда иҷро ва муроҷиати шаҳрвандон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ” баррасӣ гардидаанд.

Оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон 822 қарор ва 151 амри раиси шаҳр ба имзо расидааст. Барои баррасии саривақтии муроҷиатҳо ва аризаҳо рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз ҷониби раиси шаҳр қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, муроҷиати 335 шаҳрванд ба таври мустақим ва 35 муроҷиати дигар, ки тариқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар умум 3518 арзу шикояти шаҳрвандон оид ба мавзуҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 2 иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баргузор гардида, дар он 19 масъала баррасӣ ва 40 қарори раиси шаҳр тасдиқ гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ 1 млрд 538 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 159 млн сомонӣ ё 11,5 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра соҳаи саноат 18,2 фоиз, кишоварзӣ 7,8 фоиз, сохтмон 2,6 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 15,2 фоиз ва савдо 8,7 зиёд аст.

Буҷети шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100,7 фоиз иҷро гардида, барои пардохти музди меҳнат ва моддаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ равона гардидааст.

Дар шаҳр 25421 нафар нафақагирон ба қайд гирифта шудаанд, ки талаботи умумӣ барои пардохти нафақа 52 млн сомониро ташкил дода, пурра маблағгузорӣ гардидааст.

Ҷиҳати дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорони хурду миёна аз тарафи филиалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд ба 13352 нафар ба маблағи 159 млн сомонӣ қарзҳои хурд ҷудо гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 млн сомонӣ зиёд аст.

Дар ин давра аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорони маҳаллие, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият доранд, 752 млн сомонӣ маблағ интиқол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 136 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 485,8 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 млн сомонӣ ё 18,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, барқарорсозӣ, бунёд ва ба истифода додани 398 иншоот ба нақша гирифта шуда, бо қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода тасдиқ шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 33 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Соли ҷорӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр зиёда аз 21 км роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, то охири соли ҷорӣ боз 40 км таъмири асосӣ ва зиёда аз 100 км дигар таъмири ҷории роҳҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 181,2 млн кВт/соат қувваи барқ қабул гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,4 млн кВт/соат зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳр ба маблағи 2,7 млн сомонӣ хизматрасонӣ карда шудаву пурра ҷамъоварӣ гардидааст.

Дар ин давра барои ободу зебо гардонидани маркази шаҳр зиёда аз 86 ҳазору 703 бех гулҳои гуногуни ороишӣ шинонида шуд. Ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ дар гармхонаҳои муассисаи манзилию коммуналӣ зиёда аз 61 ҳазор гулҳои гуногун парвариш ёфта истодаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 292 млн сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 235 млн сомонӣ маҳсулоти растанипарварӣ ва 57 млн сомонӣ маҳсулоти чорводорӣ истеҳсол шудааст, ки дар маҷмуъ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 млн сомонӣ ё 7,8 фоиз зиёд аст.

Кишоварзони шаҳр дар майдони 21265 га кишти зироатҳо гузаронидаанд. Аз ҷумла, 13716 га ғалладонагиҳо, 3634 га сабзавот, 1030 га картошка, 1804 га зироатҳои техникӣ, 194 га полезӣ, 869 га хӯроки чорво ва 17 га тухмии сабазавот кишт гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 53417 тонна сабзавот, 6482 тонна картошка, 189 тонна полезӣ, 1923 тонна мева, 149 тонна ангур, 11121 тонна гӯшт, 8781 тонна шир, 47 тонна пашм, 6,7 тонна пилла, 10 тонна асал, 1,3 тонна моҳӣ, 1 млн 330 ҳазор дона тухм расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабзавот 6176 тонна, картошка 54 тонна, полезӣ 22 тонна, мева 17 тонна, ангур 1 тонна, гӯшт 73 тонна, шир 27 тонна, пашм 2 тонна, пилла 1,2 тонна, моҳӣ 1 тонна ва тухм 45 ҳазор дона зиёд истеҳсол гардидааст.

Дар хоҷагиҳои шаҳр 47399 сар барра гирифта шуда, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ чорвои калони шохдор 80838 сар, чорвои майда 210876 сар, асп 810 сар ва паранда 218847 сар парвариш ёфта истодаанд.

Майдони умумии гармхонаҳои доимӣ дар соли ҷорӣ 38,4 гектарро ташкил медиҳад. Ҷиҳати таъмин намудани бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тоза дар давраи зимистони соли 2021-2022 кишоварзони шаҳр дар майдони 14,1 га помидор, 10,1 га бодиринг ва 6 га дигар намуди зироатҳоро кишт намудаанд. Инчунин дар 4 га лимон ва дар 1,7 га гулҳо парвариш ёфта истодаанд.

Ҷиҳати беталаф нигоҳ доштани меваю сабзавот 55 сардхона фаъолият менамоянд, ки миқдори ғунҷоиши маҳсулот дар онҳо 11542 тоннаро ташкил медиҳад. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар шаҳр бунёди боз 4 сардхона бо ғунҷоиши 2320 тонна маҳсулот идома дорад.

Дар ин давра Идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр бо хоҷагиҳои кишоварзӣ ба маблағи 1 млн 717 ҳазору 600 сомонӣ шартнома баста, 810 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади гузаронидани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди шаҳр 13 ҳазору 983 бех ниҳол шинонида шудааст, ки аз ин ҳисоб 5 ҳазору 923 бех мевадиҳанда, 8 ҳазору 60 бех ороишию сояафканро дар бар гирифта, илова бар ин 159 ҳазору 260 бех қаламчаи гули садбарг ва 119 ҳазору 883 бех гулҳои мавсимӣ шинонида шудаанд.

Соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ, ки ба самти рушди ҷомеа, маориф, тандурустӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои соҳавӣ равона шудаанд, дар доираи нақшаи чорабиниҳо тадбирҳои зарурӣ андешидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии сокинон дар ҳамкорӣ бо бахшу сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Прокуратураи шаҳр, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 114 суҳбату вохӯрӣ ва мулоқот баргузор гардидааст.

Дар шаҳр 142 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, соли ҷорӣ 68155  нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумораи умумии омӯзгорон 5121 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии омӯзгорон 3644 нафар дорои маълумоти олӣ, 1291 нафар дорои маълумоти миёнаи касбӣ ва 186 нафар дорои маълумоти олии нопурра мебошанд.

Дар соли таҳсили 2021-2022 ҷиҳати идомаи таҳсил дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии мамлакат 2273 нафар хатмкунандагони синфи 11 ва 637 нафар хатмкунандагони синфи 9 ба Маркази миллии тестии назди Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супоридаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хатмкунандагони синфҳои 11-ум 818 нафар зиёд мебошанд.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2017, №443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин давра 250 адад компютер, аз ҷумла 130 адад компютер бо дастгирии соҳибкорон ва ассотсиатсияи падару модарон, инчунин 120 адад компютер ва 5 адад принтер аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр харидорӣ гардидааст, ки иҷрои барнома 86 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳои дар паёми навбатӣ баёншуда дар самти фароҳам овардани шароити таҳсил ва ҳалли масъалаҳои норасоии ҷойи нишаст тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар шаҳр бунёди 239 синфхонаи иловагӣ барои 5640 ҷойи нишаст ва 1 толори варзишӣ дар назди 25 муассисаи таълимӣ нақшабандӣ гардида, корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳо бомаром идома доранд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини хонандагон бо либоси ягонаи дӯхти истеҳсоли ватанӣ дар шаҳри Турсунзода бо 2 коргоҳи маҳаллӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, ба миқдори 112228 адад либоси мактабӣ нақшабандӣ ва ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ 91000 адад (81,1%) либоси мактабӣ омода гардидааст.

Бо мақсади иҷрои Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» амрҳои раиси шаҳри Турсунзода ба тасвиб расида, даври якум ва шаҳрии озмунҳо баргузор шудааст.

Дар даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4032 нафар иштирок кардаанд, ки аз онҳо 3084 нафарашон хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 663 нафарашон омӯзгорон ва мураббиён, 159 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун ва 126 нафарашон донишҷӯён мебошанд. Ба даври дуюми озмун 1120 нафар роҳхат гирифтаанд, ки аз онҳо 853 нафарашон хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 159 нафарашон омӯзгорон ва мураббиён, 72 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун ва 36 нафарашон донишҷӯ мебошанд. Аз ин теъдод ба даври минтақавӣ 76 нафар роҳхат гирифтаанд, ки аз онҳо 36 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 18 нафар омӯзгорон ва мураббиён, 7 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун ва 15 нафар аз ҳисоби донишҷӯён мебошанд.

Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” 427 нафар хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбу кори гуногун ширкат варзида, 35 нафар ғолибон ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтаанд.

Дар рафти даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” 190 нафар хонанда ва намояндагони ташкилоту корхонаҳои шаҳр ширкат варзида, 25 нафар ғолиб ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтаанд.

Дар шаҳр 13 ширхоргоҳ-кӯдакистон фаъолият дорад, ки дар 92 гуруҳ 1942 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони се муассисаи томактабӣ барои 460 нафар кӯдак идома дорад, ки дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.

Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа диққати махсус зоҳир менамояд. Дар нимсолаи якуми соли 2022 дар беморхонаҳои шаҳр ба 12611 нафар бемор хизмати тиббӣ расонида шудааст, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта аз 11432 нафар иборат буд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 4247 нафар кӯдак таваллуд шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 624 навзод зиёд мебошад.

Соли ҷорӣ 444 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41 фавт кам мебошад.

Бо мақсади назорати вазъи санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ 82 муассисаю ташкилоти шаҳрро мавриди санҷиш қарор дода, дар натиҷа аз сабаби пастсифат будан ва гузаштани муҳлати истифодабарӣ 777,8 кг маҳсулоти ширӣ, қаннодӣ, обҳои ташнашикан ва ғайра ба маблағи 6665 сомонӣ аз муомилот гирифта шудааст.

Бо мақсади дастрасӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи нақшаи корҳои созанда ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру азнавсозӣ ва бунёди 32 муассисаи соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда, дар шаҳр сохтмони 7 иншооти соҳа идома дошта, дар давраи ҳисоботӣ 2 муассисаи соҳавӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Дар шаҳр 48 муассисаи соҳаи фарҳанг мавҷуд буда, дар онҳо 188 нафар кормандони соҳаи фарҳанг фаъолият менамоянд. Дар давраи ҳисоботӣ 124 чорабинии фарҳангӣ баргузор гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 чорабинӣ зиёд мебошад.

Дар ҳудуди шаҳр 33 китобхона фаъолият дорад, ки дорои 190161 нусха китоб буда, дар ин давра 93230 нусхаи он дар гардиш қарор гирифтааст, ки нисбати соли гузашта 937 нусха китоб ва 82 нафар хонанда зиёд мебошад. Дар ин давра барои ғанӣ гардонидани китобхонаи марказӣ 675 нусха китоби тозанашр ба маблағи 15256 сомонӣ ворид гардидааст.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 4247 таваллуд, 1300 ақди никоҳ, 302 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ва 444 вафот ба қайд гирифта шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти оиладорӣ, нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон аз парокандашавӣ ва мусоидат ба шуғли онҳо дар назди шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҳисоби бонувони фаъол, занони рӯзгордидаву собиқадор комиссияи доимоамалкунанда фаъолият менамояд. Дар ин давра ба Комиссия 35 оила бо баҳси оилавӣ муроҷиат намуда, аз ин теъдод 23 оила аз парокандашавӣ эмин дошта шудаанд.

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар давраи ҳисоботӣ 140 чорабинии самти ҷавонон ва 171 чорабинии варзиширо баргузор намудааст.

Дар ин давра варзишгарон аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 146 медал, аз ҷумла 49 медали тилло, 41 медали нуқра ва 51 медали биринҷӣ ба даст овардаанд. Аз мусобиқаҳои байналмилалӣ бошад, 5 медал, аз ҷумла 2 медали тилло 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷиро сазовор гардидаанд.

Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.