Шаҳринав: Қазияи ҷанҷоли келину хушдоман таҳқиқ мешавад

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шаҳринав ҷанҷоли байни келину хушдоманеро, ки ба навор гирифта шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳои зиёд ба бор овард, таҳқиқ мекунад.

Ин ҳодиса рӯзи 9-уми июн рух дода, дар наворҳо дида мешавад, ки келине хушдоману дигар пайвандони ӯро мезанад.

Гулбибӣ Эшонқуловаи 60-сола мегӯяд, ки сабаби ҷанҷол озор додани набераҳояш аз тарафи модарашон, яъне келинаш будааст. Аммо келинаш Манижа Ҳусейнова хушдоману хоҳаршӯяшро муҷиби ин ҷанҷол дониста, гуфтааст, ки муноқишаро аввал онҳо сар кардаанд.

Гулбибӣ мегӯяд, ки келинаш хоҳаршӯяшро чашми дидан надорад ва аз сабабе, ки шавҳари духтараш бепарвосту зиндагияшон ноором, ҳар боре, ки ба хона ояд, бо ӯ ҷанҷол мехезонад. Вале Манижа далели ҷанҷолро ғайбати хушдоманаш бо нафаре тариқи телефон медонад.

Ба гуфтаи Манижа, дар навор танҳо як эпизоди муноқиша дида мешавад ва дар он лаҳзае, ки хушдоману хоҳаршӯяш ӯро латукӯб мекунанд, вуҷуд надорад.

Табрез Эшонқулов, шавҳари Манижа, ки дар Русия дар муҳоҷират будааст, баъди ҳодиса ба ватан бармегардад, вале ӯ ҷонибдори занаш аст. Ин ҷуфти оиладор соҳиби се фарзанд буда, дар ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекардаанд.

Пас аз ҷанҷол арӯс ба хонаи волидонаш рафтааст. Табрез мегӯяд, ки “онҳоро оштӣ дода, хонаро миёни зану хоҳарам ду тақсим мекунам ва падару модарро ба ҷойи дигар мекӯчонам”.

Дар ҳамин ҳол, келину хушдоман ҳамдигарро гунаҳкор дониста, бо баёноти худ ба шуъбаи милитсияи маҳаллӣ муроҷиат кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи омори расмӣ, танҳо дар соли гузашта беш аз 4000 нафар барои хушунати хонаводагӣ ба мақомоти давлатӣ муроҷиат кардаанд ва беш аз 13000 оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ин нисбат ба соли қаблӣ 162 ҳолат зиёд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *