Шавҳаркуш

Хеши зан қайла бизан!

Аз рӯзе, ки худро мешинохтагӣ шудам, аз чизе камбудӣ надоштем. Падарам шабу рӯз кор мекарданд, то маишати мо, чор фарзанд ва меҳмонони бешумори оилаамон таъмин бошад.

Он кас роҳбари корхонаи азиме буданд ва сад хушомадгӯ доштанд, аммо мисли дигар раисҳо карру фар карда намегаштанд. Падарам табиатан одами  хоксор, заминӣ ва дилсӯз буданду ҳатто мӯрчаро озор намедоданд. Ростӣ, аз хурдӣ мо ягон хешу табори падарамро намедидем, вале пайвандони модарам тез-тез ба хонаамон омада, ҳам зиёфат мехӯрданду ҳам мебурданд. Баъдтар фаҳмидам, ки падарам дар хонаи бачаҳо ба воя расида, тамоман хешу табор надоштааст.

Лайлию Маҷнун аз Самарқанд

Бибии падариямро бобоям ҳангоми дар Самарқанд дар курси

муаллимтайёркунӣ хонданаш дида ошиқ мешавад, вале самарқандиён духтарашонро ба ҷавони ношинос додан намехоҳанд. Илоҷи дигар наёфта, онҳо пинҳонӣ аз волидони духтар ба Тоҷикистон фирор мекунанд.

Баъд аз чанд соли зиндагии эшон ҷанг сар шуда бобоямро ба ҷанг мебаранд ва аз он ҷо хати сиёҳаш меояд. Бибиям аз ғаму дард ба беморӣ печида вафот мекунад.

Танҳои танҳо

Пас аз вафоти модарам падарамро ба ятимхона месупоранд. Ӯ дар хонаи бачаҳо тарбият ёфта, бо қувваю дониши худаш ба донишгоҳ дохил мешавад ва ба модарам, ки ҳамсабақаш будааст, дил мебандад. Падарам бе касу кӯй бошад ҳам, бо кӯшишу дониши хеш дари муваффақиятро ба рӯйи худ мекушояд ва соҳиби обрӯю ному нон мегардад, вале…

Зани эрка-дарди сар

Модарам аввалҳо кор мекардааст, аммо баъдҳо хонашин шуда ба тарбияи фарзандон машғул буд. Шахсан ман кор кардани модарамро дар ёд надорам, лекин ҳамеша зебо мепӯшид ва бомаза хӯрданро дӯст медоштанд. Кори модарам фақат магазин ба магазин гаштан ва рӯзи дароз дугонабозӣ кардан буд. Кору бори хонаро ҳамеша ҷиянҳои модарам, ки аз қишлоқ барои таҳсил ба пойтахт омада дар манзили мо мезистанд, иҷро мекарданд. Моро ҳамон хешони модарам калон карданд гӯем ҳам, хато намешавад. Дар хона гапи модарам қонун буд. Баъзан аз мулоимии феъли падарам қаҳрам меомад, зеро бо ду чашми сарам медидам, ки чӣ хел тағоҳоям ӯро тоб дода, аз ному пулаш истифода бурда, корҳояшонро буд мекунанд.

Дар паноҳи домод

Волидони модарам се моҳи зимистонро ҳамроҳи мо мегузарониданду тобистон аз ҳисоби падарам ба осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва ё собиқ иттиҳоди шӯравӣ дамгирӣ мерафтанд. Ёд дорам, боре падарам ба модарам гуфтанд, ки очаш, ба дадам ( он кас бибии модариямро оча ва бобоямро дада мегуфтанд) гӯед, ки ин тобистон ягон ҷо нараванд, то ки мо ҳамроҳи бачаҳо ба қишлоқ рафта камтар аз ҳавои тоза нафас кашем. Дар ҷавоб модарам бо нафрат ба падарам нигариста гуфт:

-Ба умеди фискашолҳои шумо шуда мӯйсафед аз дамгирияшон

монанд- мӣ? Ҳеҷ кас нагуфтааст, бачаҳоро ба лагер мефиристем!

Падарам чун одати азалияшон пушти сар хорида гуфтанд:

-Хайр боз худат медонӣ, ман як гуфтам-да!

Моҷарои хостгорӣ

Ҳамин тавр мо ба воя расидем. Апаам аллакай донишгоҳро хатм

карда кор мекард. Шафоатхон ном дугонаи модарам, ки ҳамроҳи шавҳараш дар соҳаи савдо кор карда, молҳои касмаёбу касмахарро ба хонаи мо меовард, барои писараш Маҳмудҷон апаамро хостгорӣ кард.  Модарам ҳатто аз падарам, ки ҳамон шабу рӯзҳо дар сафари хизматӣ қарор доштанд, напурсида, розигӣ дод, вале апаам пас аз рафтани меҳмонҳо ду пояшро ба як мӯза андохта гуфт, ки ба он ҷавон намерасад. Модарам бо табассум ба апаам нигариста гуфт:

-Қанди оча, асали оча, оё медонӣ, ки ту зани кӣ мешавӣ? Зани Маҳмудҷон- бойбача! Шафоати бало аллакай барои писараш дар маркази шаҳр хонаи панҷҳуҷрадор ва дар беҳтарин дараи Варзоб бӯстонсаро харидааст. Маҳмудҷон донишгоҳи савдои Тошкандро хатм намуда, дар яке аз магазинҳои калонтарини пойтахт магазинчӣ аст. Дар хонаи онҳо ҳарчи хоҳӣ мехӯрию ҳарчи хоҳӣ мепӯшӣ. Духтари сода ба Маҳмудҷон расида ту малика мешавӣ. Малика!

Апаам, ки феълу хӯйи падарамро дошт, якбора хурӯшид:

-Ба Шафоатхонатон гӯед, ки маликаро барои шоҳзодаашон аз

дигар ҷой ҷӯянд, ман дӯстдошта дорам ва танҳо ба ӯ мерасам!

-Эй рӯм сиёҳ, ин беҳаёро бинед-а?! Ман қабрата то зону меканам! Худат нағз медонӣ, ки дар ин хона ман хуҷаинам, мемурию зани

Маҳмудҷон мешавӣ!

-Мебинем, -посух дод апаи якравам ва дарро шараққосзанон пӯшида баромада рафт…

Исёни модар

Аз ҳамон рӯз дар хонаи мо ҷуғзи ғаму дард ва ҷангу ҷанҷол лона гузошт. Зиндагии хонаводагии мо дар қолабе мегузашт, ки онро модарам кашида буданд, қолабшикании апаам бабри хуфтаи ғазаби ӯро бедор кард. Модарам ба ҳуҷум гузашта дар ду рӯз бо кӣ паймони ошиқӣ бастани апаамро фаҳмид ва он ҷавонро ёфта ба қавли худаш «ду пул» карда партофт. Апаам омадани падарамро интизор буд ва рӯз то бегоҳ гиря мекард. Ман гоҳ-гоҳ пинҳонӣ аз модарам ба наздаш даромада, ӯро дилбардорӣ мекардам ва ҳангоми ҳамин суҳбатҳои хоса фаҳмидам, ки дӯстдоштаи апаам Шамшоди ҳамкораш будааст. Онҳо шаш моҳ боз якдигарро мешинохтаанду сарвари корхонаашон, ки рафиқи наздики падарам буд, ваъда додааст, ки баъди чор моҳ ба онҳо аз тарафи корхона хона ҷудо мекунанд. Пас аз гирифтани хона онҳо тӯй карда, зиндагии якҷояро оғоз намудан мехостанд, вале модарам садди роҳи хушбахтии ин ду ҷавон гашта буд. Сабаби норозигии модарам дар он буд, ки Шамшод мисли падарам дар хонаи бачаҳо тарбия ёфта, ягон хешу табор надошт. “Ман духтарамро ба як сағираи бесоҳиби почаканда намедиҳам” мегуфт модарам, вале ба норозигии ӯ нигоҳ накарда, Шамшоду Парӣ ҳамоно бо ҳам вомехӯрданд…

Шавҳаркуш

Ниҳоят падарам аз сафари хидматӣ баргашт. Модарам хонаро ба сарашон бардошта, Париро сиёҳ мекард ва дашному ҳақорат медод. Падарам бо як азоб модарамро ором карда ваъда дод, ки ҳамаашро ҳал мекунад. Пас аз чанд рӯз аз асли гап воқиф шуда, падарам бо оҳанги нарму дилкаши танҳо ба худашон хос гуфтанд:

-Занак, биё духтарро ба ҳоли худаш монем, охир вай дӯстдошта доштааст. Аз рӯйи гуфти Маҷид (сарвари корхонае, ки апаам ва Шамшод дар он ҷо кор мекарданд) ҷавони дӯстдоштаи духтарамон бачаи хуб ва ояндадор будааст. Ман фарзандамро зӯран аз шахси таби дилаш ҷудо карда ба ким-кадом як ҷавони ношинос намедиҳам…

-Ман духтарамро ба ҳамон пойлучи бесоҳиб диҳам?! Танҳо баъд аз мурданаш!!!- наъра зад модарам.

-Гӯш кун занак, ман ҳам дар вақташ сағира будам, аммо ҳоло ҳама чизро дорам. Худо хоҳад, Шамшод ҳам Парии моро хушбахт мекунад.

-Беҳуда нагуфтаанд, ки себ аз себ дур намеафтад. Ту сағираи

бесоҳиби дар ятимхонаҳо капусти хомхӯрдагӣ мисли худатро

мекобӣ. Як умр аз детдомӣ будани ту шарм карданам бас набуд, ки

акунун домоди детдомӣ гирам?!-Ошкоро ба таҳқири падарам гузашта, бидиррос зад модарам.

Ман, ки аз хонаи дигар ҳамаи инро мешунидам, ҳис кардам, ки якбора овози падарам ким чӣ хел ларзида, беҳолона ду-се бор ношукр, ношукр-гуфтанд…

Субҳи дигар ҷасади шахшудаи падарамро, ки рӯйи мизи корияшон мехобид, пайдо намуда, ба духтур занг задем. Ташхис нишон дод, ки он кас аз сактаи дил дунёро падруд гуфтаанд. Аз ҳамон лаҳза модарам дар назари ман мисли аждаҳо хунук метофтагӣ шуд, чунки аллакай дар курси чоруми Донишгоҳи тиббӣ мехондам ва хуб медонистам, ки падарамро маҳз заҳри забони модарам кушт, чунки барои одами баномус захми забон аз захми табар ҳам сахттар аст…

Зиндагӣ-чархи гардон

Падарамро бо дили хунчакону дидаи гирён ба хок супурдем. Хешу табори модарам, ки умре аз давлати падарам хӯрда катагӣ мекарданд, баъди аз олам гузаштани ӯ дигар ягон бор моро суроғ намекарданд. Дугонаи ҷонии модарам-Шафоатхон баъди гузаронидани маъракаҳои мотамии падарам ба хонаи мо омада, бо баҳонаи он ки писараш дӯстдошта доштааст, фотиҳаро гардонд, зеро танҳо ба хотири мансабу давлату сарвати падарам апаамро келин карданӣ буд. Баъди аз сар рафтани падарам вай бо як бевазан қудо шуданро ба худ эб надид.

Дарди ниҳон

Парӣ ба муроди дилаш расида ба Шамшод ба шавҳар баромад. Язнаам дар зиндагӣ ва рушду такомули шахсияти ҳар як увзи оилаи мо саҳми арзанда гузошт. Ӯ моро ҳамчун фарзандони падари худаш азиз медонисту то ҳол медонад. Бо мурури замон ману додарам роҳи худро дар зиндагӣ ёфта, ҳарду номзади илм ва олимони шинохтаи соҳаи худ гаштем, вале афсӯс, ки падарам инро дида наметавонад…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *