Шералӣ Мирзо: Фарзандони мансабдорон ба хизмат бештар ҷалб шаванд!

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон дастур дод, ки фарзандони мансабдорон ба хизмати ҳарбӣ бештар ҷалб карда шаванд.

Ин ва дигар масоили марбут ба даъвати навбатии наваскарон дар як ҷаласаи охир, ки тамоми намояндагони комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳузур доштаанд, садо додааст. Ҳамчунин, вазир ба мақомоти марбута дар робита ба ташхису муоинаи тиббӣ ва пешгирӣ аз ҷинояту роҳҳои ғайриқонунии даъват ба артиш дастур додааст.

“Вобаста ба муроҷиати мардум дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда сари вақт қарори дахлдор қабул намоед”,- гуфтааст Шералӣ Мирзо.

Ӯ ба масъулин таъкид намудааст, ки ба пӯшидани либоси низомӣ ва муомилаву муносибати хуб бо шаҳрвандон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, кӯшиш намоянд, то ҷавонони солиму бардам ва болаёқатро интихоб ва ба сафи Артиши миллӣ равона созанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1-уми октябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз меёбад. Ин маъракаи даъват давоми ду моҳ идома меёбад ва ҷавонони аз 18 то 27-сола барои хизмат дар сафи артиш ҷалб мешаванд.

Даъвати баҳории шаҳрвандон ба қисҳои низомӣ бошад, аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад.

Аммо, ҳар даъват мушкилоте низ дар пай дорад. Баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба наворҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки аз иҷборан бурдан ё “облава” шудани ҷавонон қисса мекунанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ онро “сарбозшикор” низ меноманд. Мақомот бошанд, ба набудани «облава» таъкид карда, мегӯянд, ки ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ доранд онҳоро зӯран ҳозир кунанд.

Масъалаи даъвати ҷавонон ба артиш ҳамеша доғ ва баҳсбарангез боқӣ мондааст. Баъди қабули қонуни нави хизмати ҳарбӣ дар моҳи январи соли 2021, ки минбаъд даъват ба артиш дар асоси он сурат мегирад, баъзе дигаргуниҳо ба вуҷуд омаданд. Дар асоси тарҳи нави Қонун «Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва уҳдадориҳои ҳарбӣ» акнун солона то 10 дарсади ҷавонони синни хизмат ба артиш ҷалб мешаванд. Аслан, қонуни нави ҳарбӣ моҳи январи соли равон дар Тоҷикистон қабул шуда, минбаъд даъвати наваскарон ба артиш дар асоси он сурат мегирад. Хоҳишмандоне, ки намехоҳанд хизмат кунанд, имкон доранд бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Полковники мустаъфӣ Хайрулло Ҳайдаров ба ин назар аст, ки  тағйироти Қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ” бар манфиати ҷавонон аст. “Ман қонунҳои уҳдадории ҳарбии Россия, Белорус, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро хондам ва дар дастам дорам. Бо қонуни ҷумҳуриямон муқоиса кардам. Бовар кунед, имтиёзҳое, ки ба даъватшавандагон дар қисми 1, моддаи 21, моддаи 30 ва 31-и қонуни мо омадааст, дар ягон ҷумҳурии пасошӯравӣ нест. Фақат бояд ин қонун риоя шавад. Аммо афсӯс, ки қонуншиканӣ дар авҷ аст”,- мегӯяд ӯ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.