“Шикасти фитна”. Филми мустанад оид ба эътирозҳо дар Хоруғу Рӯшон

Шоми 24-уми май дар шабакаҳои интернетӣ филми мустанаде бо номи “Шикасти фитна” нашр шуд.

Дар ин филм, ки тақрибан 17 дақиқа давом дорад, баёноти Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашев, ду нафаре, ки бо иттиҳоми ташкилу раҳбарӣ ва сарпарастии эътирозҳои ахири Хоруғу Рӯшон дастгир шудаанд, низ нашр шудааст.

Баранда дар филми “Шикасти фитна” мегӯяд, ки тасмими ташкили эътирозҳо дар Рӯшону Хоруғ рӯзи 26-уми март дар хонаи Зарифбеков ном сокини маҳаллаи Бархоруғ гирифта шуд. Аммо Улфатхоним Мамадшоева мегӯяд, ки ин ҷаласа дар як меҳмонхонаи хусусӣ баргузор шуда буд.

Муаллифони филм мегӯянд, ки дар нишаст Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир), Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева ҳузурӣ ва Алим Шерзамонов аз Аврупо тариқи мессенҷер иштирок кардаанд. Гуфта мешавад, ки дар ин ҷаласа ҳамчунин қарор шудааст, Алим Шерзамонов маблағгузории эътирозҳоро ба дӯш мегирад, Холбашев масъулияти ташкили эътироз дар Рӯшон, Боқир масъулияти ташкили эътироз дар Хоруғро. Ба Мамадшоева масъулияти пӯшиши иттилоотии ин эътирозҳоро вогузор мекунанд.

Мамадшоева, Холбашев ва Азиз Давлатшоев ном як нафари дигар дар баёноти худ ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунанд.

Дар филми “Шикасти фитна” ҳамчунин иддао меравад, ки Алим Шерзамонов аз Аврупо барои ташкили эътирозҳо дар Рӯшон 6 ҳазор доллар ва барои ташкили эътирозҳо дар Хоруғ 7 ҳазор доллар фиристодааст.

Ҳамин тавр, дар филм Улфатхоним Мамадшоева барои ҳамкорӣ бо мақомоти махсуси “баъзе кишварҳои хориҷӣ” айбдор карда мешавад. Аз ҷумла Сергей Горячев ном нафареро мисол меоранд, ки аз Мамадшоева гӯё маълумоти маҳрамонае дар бораи Тоҷикистон ба даст меовард.

Муаллифони филм ҳамчунин иддао мекунанд, ки Мамадшоева аз созмони “Интернюс” ду маротиба панҷҳазордолларӣ грант гирифта, рӯзи 15-уми марти соли 2022 дар қаҳвахонаи “Сегафредо” дар маркази Душанбе бо ду корманди сафорати яке аз кишварҳои ғарбӣ пиромуни вазъи Бадахшон ҳудуди 40 то 45 дақиқа суҳбат кардааст.

Мамадшоева мулоқоташ бо дипломатҳои ғарбӣ ва дар солҳои охир ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ грант гирифтанашро эътироф мекунад. Дар филм лаҳзаи аз қаҳвахона баъди мулоқот бо Улфатхоним Мамадшоева баромадани ду хориҷӣ низ намоиш дода мешавад, вале муаллифони филм мегӯянд, ба далели идомаи тафтишот аз ифшои номи кишвари онҳо худдорӣ мекунанд.

Боқир, ки роҳбари асосии эътирозҳо шуморида мешавад, рӯзи 22-юми май зимни як амалиёт кушта шуд.

Генерал Холбаш Холбашев 18-уми май ҳангоми бозгашт аз Ворух дар Исфара дастгир шуд. Ҳамсари собиқи ӯ Улфатхоним Мамадшоеваро субҳи 18-уми май дар Душанбе боздошт карданд.

Холбашев дар поёни филми “Шикасти фитна” гуфт, ки ин эътирофҳоро ӯ бо ихтиёри худаш ба забон овардааст. Ӯ худро ташкилкунандаи тамоми эътирозҳои солҳои охир дар Рӯшон номид.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.