Шинос шавед: 10 сафири нави кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз, 15 июн дар Қасри миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул кард.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзи Шумин, Ҷумҳурии Қазоқистон Туреханов Валихан, Қирғизистон Абдилдаев Эрлан, Маҷористон Рона Отта Иван, Испания Хорхе Урбиола Лопес де Монтенегро, Индонезия Моҳаммад Фаҷрол Раҳман, Таиланд Чатчаван Сакорсин, Марокаш Муҳаммад Рашид Маанин, Бразилия Олинсо Виейра ва Доминикан Франк Ҳанс Данненберг Кастелянос, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз дошт, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки Тоҷикистон тайи давраи соҳибистоқлолии хеш сиёсати усулии барпо намудан ва пешбурди робитаҳои ҳасанаи гуногунҷанбаи судмандро бо кишварҳои хориҷии минтақаҳои гуногуни олам амалӣ менамояд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.