Ширин Амонзода Пушкинро ба ҳузур пазируфт

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода муовини директори Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Михаил Пушкинро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар шаҳри Москва ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои муносибатҳои муштаракро баррасӣ намудаанд.

Ҳамзамон, нақши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони иҷтимоиро дар амалишавии Барномаҳои ҳамкорӣ оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020 — 2024 хуб арзёбӣ гардида, нақшаҳои минбаъдаи муштарак тарҳрезӣ шудаанд.

— Дар идома Ширин Амонзода оид ба қабул гардидани Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040 ёдовар шуда, иброз дошт, ки он дар амалӣ сохтани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар — саноатикунонии босуръат, ки дар Страгияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2030 дарҷ шудааст, мусоидат хоҳад кард,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.