Ширин Аъзамова: Ҳусни духтар одоби ӯст

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» модари ҳаштоду сесола, сокини деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аъзамова Ширин мебошанд.

Суоли мо ба меҳмони азизамон чунин аст:

— Мегўянд, ки роҳ ба дили мард аз меъдааш оғоз мегирад, яъне мардон занонеро дўст медоранд, ки дар табохӣ ҳамто надоранд. Назари шумо ба ин гуфта чӣ гуна аст?

— Мо мардуми тоҷик аз азал ҳамин ки духтардор шудем, аз синни кўдакӣ ба онҳо сирри пухтупазро меомўзем. Зеро зан-модар будан рисолат аст ва барои бар дӯш то охир бурдани ин рисолат бояд аз бисёр ҳунарҳо баҳравар бошӣ. Ман гумон мекунам, ки ҳусни духтар ин одоби ўст ва зани боодобу боиффатро на танҳо шавҳараш, балки хушдоману хусур, хоҳаршӯву додаршӯ, хешу ақрабо, ҳаққу ҳамсоя дўст медоранду эҳтиром мекунанд.

Акнун дар боби ҳунари пазандагӣ доштани зан. Аҷдодони мо, хоса дар Самарқанду Бухоро дар арафаҳои идҳои миллӣ як сабқате ороста мекарданд, ки он ҷо духтарони ҷавон ҳунари худро ба намоиш мегузоштанд. Хўроку шириниҳои пухтаи духтарон аз тарафи занҳои калонсол санҷидаву баҳогузорӣ мегардиданд ва духтарони пурҳунарро оилаҳои хуб келин мекарданд.

Зан бояд қоидаҳои пухтупазро донад, модарони мо имрўз бо маводи пур аз заҳрҳои кимиёии мағозаҳо иктифо карда, хўрокҳои миллии худамонро гум карда истодаанд.

Ман шаш фарзандро ба воя расонидааму имрўз се келину се домод дорам, ману шавҳари раҳматиям ҳарду кори давлат мекардем, аммо ҳеҷ гоҳ фарзандонамон бе субҳона, хўроки нисфирўзӣ ва ғизои шом набуданд. Ҳамон вақтҳо низ хўроки нимтайёру ошхонаву ҳама чиз буд, хўрока арзонӣ, аммо худам бо дастони худам барои фарзандон хўрок тайёр мекардам.

Саволи додаи шумо ҳам ҳақиқат дорад, дар урфият мегўянд, ки «Зан ҳарчипаз шавад, мард ҳарчихўр мешавад». Агар модари хонадон хўрокҳои болаззат пазад, мард ҳам бегоҳ ҳушаш ба ошхонаю тарабхона нашуда, ба хона бармегардад. Хўроки дилхоҳашро ба оилааш фармуда, гирди як дастурхон бо фарзандони ширинаш нишаста, суҳбату дилхушӣ мекунад. Ана ҳамин чизҳо муҳаббатро зиёд мегардонанд.

Боқӣ, ба ҳамаи шумо хушбахтиҳоро орзу дорам.

Суҳбати ДИЛОШӮБ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *