Шомурод Мирзоев — боздошти мансабдори собиқ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Шомурод Мирзоев, раиси собиқи ҷамоати деҳоти Каленин ва Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дастгир шудааст. Ӯ дар содир кардани ҷинояти қаллобӣ гумонбар аст.
Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон хабар дод, ки дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар асоси муроҷиату аризаи сокинон барои бо роҳи фиреб тасарруф кардани маблағи онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Парванда бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Мирзоев Шомурод Ҳаётович, соли таваллудаш 1971, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Обшорон, ки дар вазифаи сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолият мекунад ва гумонбари силсилақаллобиҳо дониста мешавад, оғоз гардидааст.
Мутаассифона, Шомурод Мирзоев дар гузашта 5 маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда аст. Вале боздоштшуда аз ин хулосаи лозимӣ набароварда, такроран даст ба мардумфиребӣ задааст.
Ӯ ҳангоми дар вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолият кардан ҳам аз шаҳрвандон маблағи калон гирифта, ваъда медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳ ба онҳо қитъаҳои замин ҷудо карда медиҳад. Вале талошҳои нафарони ба доми фиреби Шомурод Мирзоев афтода, оид ба соҳиб шудан ва ё баргардонидани маблағи додаашон бенатиҷа меанҷомад. Баъдан онҳо маҷбур мешаванд, ки ба кормандони милитсия муроҷиат намоянд.
Гумонбаршуда маблағи бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф кардаву айни ҳол дар 26 -ҳолати ҷинояти қаллобӣ гумонбар донист мешавад ва зарари ба сокинон расонидааш, 600 ҳазору 333 сомониро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ