Шукурзода  ҲХДТ-и Панҷакентро беобрӯ кард?

Прокуратураи шаҳри Панҷакент тафтиши фаъолияти Кумитаи иҷроияи созмони ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Панҷакентро оғоз кардааст.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳо, сабаби тафтишоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, шикояти чанд нафар аз фаъолияти «пурсамар»-и роҳбари ин ташкилот Мурод Шукурзода ба Дастгоҳи президенти мамлакат дониста мешавад.

Дар аризаи шикоятӣ гуфта шудааст, ки Мурод Шукурзода роҳбари Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ба якчанд қонуншиканиҳои ҷиддӣ аз ҷумла нодуруст масраф кардани маблағ, хароҷотҳои дуюмдараҷа, истифодаи мошини хизматӣ ба манфиати шахсиаш ва ҳатто додани тавсифнома ба шахсе, ки гӯё ба гуруҳи мамнӯъи «Салафия» маҳкум шудааст, роҳ додааст.

Шикояткунандагон навиштаанд, ки Мурод Шукурзода нақлиёти хизматии КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакентро ба манфиати оилааш истифода мебурдааст ва ҳатто ҳама маблағи сӯзишворӣ аз ҳисоби ҳизб будааст. Барои таъмири ин нақлиёт бошад, роҳбари ҳизб дар шаҳри Панҷакент, 30000 сомониро «обу лой» кардааст.

Бо супориши прокуратураи шаҳри Панҷакент, аз раёсати молияи шаҳр як нафар ба ҳайси аудит — санҷишгар барои санҷиш ва ҳисобу ҳасади даромаду хароҷоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент фиристода шудааст ва бояд рӯзҳои наздик натиҷаи санҷишро ба прокуратура пешниҳод намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

12 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *