Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вежаи ИМА оид ба Афғонистон вохӯрд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи вежаи ИМА оид ба Афғонистон Томас Вэстро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ вазъ дар Афғонистон, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардидаанд.

— Ҷонибҳо зарурати густариши ҳамкориҳо барои таҳкими марзҳо ва  расонидани кумакҳои башардӯстонаро ба мардуми Афғонистон қайд карданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *