“Сомон Эйр” дар хатсайри Душанбе-Истанбул акнун дар як ҳафта се парвоз анҷом медиҳад

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» шумораи парвозҳоро дар самти Душанбе-Истанбул-Душанбе зиёд менамояд.

Бино ба иттилои Маркази матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», шуруъ аз 5-уми июн ширкат аз Душанбе ба Истанбул дар як ҳафта се маротиба — рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе парвоз анҷом медиҳад. Парвозҳо дар ин масир тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иҷро мешаванд.

Вақти парвоз аз Душанбе соати 06:10 ва нишаст дар фурудгоҳи Истанбул соати 09:35 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Дар самти баргашт парвоз аз Истанбул соати 10:45 сурат гирифта, дар Душанбе ҳавопаймои ширкат соати 17:45 ба вақти маҳаллӣ менишинад.

Ёдрас менамоем, ки мутобиқи талаботи мавҷуда муҳлати амали шиносномаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки вориди Туркия мешаванд, бояд на кам аз 150 рӯз бошад. Мусофирони аз Душанбе ба Истанбул сафардошта (аз 6-сола боло) аз ҷумла мусофирони транзитӣ тибқи талабот бояд шаҳодатномаи ваксинатсия (ба забони аглисӣ) ва ё маълумотномаи гузаштани ПСР-тести COVID-19-ро бо натиҷаи манфӣ (бо забони англисӣ), ки давоми 72 соати пеш аз вуруд ба Туркия дода шудааст, пешниҳод намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *