“Сомон Эйр” роҳи Ҳаҷро наздик кард
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ифтитоҳи парвозҳои мустақими доимӣ дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд хабар медиҳад.
Ин хатсайр парвози зоирони тоҷикро барои адои Ҳаҷ наздик мекунад. Зеро то ин дам зоирон тариқи Истамбул ба зиёрати Макка мерафтанд.
Ба иттилои манбаъ, аз 9-уми март парвозҳо аз Душанбе ба Ҷидда ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе анҷом мешаванд.
«Вақти парвоз рӯзҳои панҷшанбе аз Душанбе — соати 14:30, аз Ҷидда — 19:30, рӯзи якшанбе аз Душанбе — 22:30, аз Ҷидда — 04:00 аллакай субҳи душанбе ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст»,- омадааст дар иттилоия.
Тавзеҳ дода шудааст, ки рӯзи сешанбе ҳавопаймоҳо аз Хуҷанд ба Ҷидда парвоз мекунанд. Вақти парвоз аз Хуҷанд — соати 21:00 ва бозгашт соати 02:00-и шаби чоршанбе мушаххас шудааст.
Дар мавриди он, ки парвоз чӣ қадар тӯл хоҳад кашид, тавзеҳ дода шудааст, ки вақти парвоз аз Тоҷикистон 5 соату 15 дақиқа, дар бозгашт 4 соату 30 дақиқа хоҳад буд.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳоли ҳозир ягона ширкати фаъоли ватанӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, ки дар масирҳои байналмилалию дохилӣ парвозҳо анҷом медиҳад.
Шарҳ