Роналду: Ман боварӣ надоштам, ки…

Сомонаи расмии дастаи “МЮ” хабар дод, ки ҳамлавар Криштиану Роналду дар дастаи мазкур бо рақами 7 бозӣ мекунад.

Дар гузашта ҳамлавари португалӣ аз соли 2003 то 2009 дар дастаи “МЮ” бозӣ карда, он замон ҳам ӯ бо рақами 7 бозӣ мекард.

Ёдовар мешавем, ик пеш аз омадани Роналду, ин рақам ба ҳамлагари уругвайӣ Эдинсон Кавани рабт дошт. Кавани бошад, пас аз ин рақами 21 -умро гирифт.

«Ман боварӣ надоштам, ки имкони дубора гирифтани ин рақам вуҷуд дорад. Аз ин рӯ мехоҳам ба Кавани барои ин иқдоми бебаҳо миннатдории худро баён кунам»,- гуфтааст Криштиану Роналду.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *