Суғд: Беш аз 15 млн сомонӣ маҳсулоти пастсифат ошкор шуд   

Мутахассисони шӯъбаи нозироти савдои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғд давоми як соли 2023-юм ба маблағи умумии 15 миллиону 298 ҳазору 368 сомонӣ маҳсулоти пастсифат, мӯҳлати истеъмолаш гузашта ва бе сертификатро ошкор карданд. Дар ин бора Ғайбулло Муҳиддинов сардори ин ниҳод зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Вай таъкид кард, ки мутахассисон дар ин давра ба миқдори умумии 8 ҳазору 579 кг маҳсулоти истеъмолӣ ва 5 ҳазору 80 литр нӯшокиҳои ташнашикану машруботи спиртӣ ошкор карда, бинобар ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набудан нобуд сохтаанд. 

Иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2023 дар озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрока ва кишоварзии марказ ба миқдори 11 ҳазору 790 намуна маҳсулот аз ташхис гузаронда шуд, ки 178 намунаи он ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва регламентҳои техникии ҶТ номутобиқ дониста шуд. 

Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи мутахассисони марказ беш аз 253 000 литр маҳсулоти нафтии пастсифат ошкор ва нобуд карда шудааст. Таъкид гардид, ки ҳамаи қонунвайронкуниҳои ошкоршуда баррасӣ шуда барои пешгирии чунин ҳолатҳо дар фаъолияти минбаъда ба соҳибкорону истеҳсолкунандагон огоҳӣ дода шудааст. 
    
    Фарзона Шамсиева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *