Суғд: Бачафурӯш боздошт шуд

Як зани 33-солаи сокини ноҳияи Б. Ғафуров бо ному насаби Дилдора Холмирзоева бо ҷурми бачафурӯшӣ боздошт шудааст. Дар ин бора дар барномаи «Пайки Суғд»-и ВКД хабар дода шуд.

Гуфта мешавад, ин зан, ки муваққатан дар шаҳри Бӯстон иқомат дошт, ду фарзанди хурдсол дошта, феълан ҳомила аст.

«Ӯ кӯшиш кардааст, ки духтари сесолаашро ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ фурӯшад. Харидуфурӯш бояд рӯзи 10-уми июн, рӯзи зодрӯзи духтар баста мешуд. Ба Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД дар вилояти Суғд дар бораи қарори Холмирзоева маълумоти боэътимоди фаврӣ ворид гардида, дар натиҷа, вай дар рӯзи содир кардани ҷиноят дастгир карда шуд»,- хабар медиҳад ВКД.

Худи Холмирзоева ҳангоми бозпурсӣ дар дифоаш гуфтааст, ки «ба сабаби камбизоатӣ» ба ин кор даст задааст.

Нисбати Д. Холмирзоева парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯро аз 5 то 8 сол маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *