Суд ронандаю мусофирро барои алфози қабеҳ ҷарима баст

Суди ноҳияи Сино як ронандаро бо як мусофир барои алфози қабеҳ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҷарима кардааст.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, 17 — уми марти соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқишаи лафзии як нафар ронанда ва ҷавонзани мусофир инъикос ёфта, ҳарду ҳамдигарро бо алфози қабеҳ дашном медиҳанд.
Навори мазкур аз ҷониби шаҳрвандон вокунишҳои манфиро ба миён оварда, аз мақомоти милитсия хоҳиш намудаанд, ки нисбати ҳарду барои дашноми ҳамдигар чораандешӣ карда шавад.
Зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Волсваген» рақамоҳои қайди давлатиаш 0713ТТ09 Ваҳҳоби Аҳлиддин, санаи таваллудаш 09.11.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Чоряккорон ва мусофирзан Иброҳимова Миҷгона Раҳмоналиевна, санаи таваллудаш 16.04.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак мебошанд.
Дар натиҷаи пурсиш ошкор гардидааст, ки 17-уми марти соли ҷорӣ, тахминан соати 13:20 дақиқа Иброҳимова Миҷгона аз кӯчаи Испечак ба автомашина нишаста, ба самти маҳаллаи Мехкалон раҳсипор мегард. Аз сабаби саривақт ба самти фармоишшуда гардиш карда натавонистани ронанда, миёни номбурдагон муноқиша сар зада, ҳамдигарро бо алфози қабеҳ дашном додаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда-Ваҳҳоби Аҳлиддин ва мусофирзан-Иброҳимова Миҷгона тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Сино нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 476 сомонӣ татбиқ карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *