Суди ноҳияи Фирдавсӣ ҳукми гаравгонгирро баровард

Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдуманнон Болтаев, сокини Душанберо бо ҷурми гаравгонгирӣ, тамаъҷӯӣ ва роҳзанӣ ба 16 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Ӯ қаблан 2 маротиба барои дуздӣ ва роҳзанӣ низ зиндонӣ шуда будааст.

Ҳамроҳ бо ӯ дар парвандаи гаравгонгирӣ ду ҷавонзан низ ҳамчун айбдоркунанда гузаштанд ва суд бо ҷурми даст доштан дар ҳамин гуна ҷиноятҳои махсусан вазнин Шаҳноза Тошпӯлодоваро ба 13 соли зиндон ва Манижа Бобозодаро ба 11 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 28-уми сентябри соли 2022 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” хабар дод, ки Абдуманнон Болтаев, соли таваллудаш 1991, ҳамроҳ бо ин ду зани сабукпои солҳои таваллудашон 1992 ва 1996, ки ба танфурӯшӣ машғул буданд, манзилеро дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт ба иҷора гирифта, тавассути интернет ба шаҳрвандон хидматҳои шаҳвонӣ, аз ҷумла алоқаи ҷинсиро бар ивази пул пешниҳод мекардаанд. Вақте ки ягон “муштарӣ” ба доми онҳо меафтодааст, Шаҳнозаву Манижа ин мардони гумроҳу фиребхӯрдаро ба хонаи иҷорагирифтаашон даъват мекардаанд ва ҳангоми айшу ишрати онҳо “ногаҳон” саркардаи ин дастаи роҳзанон Абдуманнон Болтаев дар дасташ завлона ва электрошокер ҳозир шудаву худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, гӯё занҳои танфурӯшро аз дасти он мардон “халос” мекардааст. Болтаев он мардҳои фиребхӯрдаро латукӯб карда, дастонашонро бо завлона баста ва дар ҳамин ҳолат онҳоро ба навор гирифта, бо роҳи тарсонидан бар ивази парванда накушодану ба касе фош накардани ин ҳолат аз ҳар кадоми онҳо маблағҳои калон талаб мекардааст. Ин маблағҳоро Болтаев баъдан бо шариконаш Шаҳноза ва Манижа тақсим мекардааст.

Ин ҷиноят вақте ошкор шудааст, ки рӯзи 9-уми июни соли 2022 Шаҳноза ва Манижа тариқи интернет 4 ҷавонро ба дом афтонида, ба манзили иҷораашон даъват кардаанд. Болтаев, ки аз пеш дар даруни он хона пинҳон шуда будааст, ҳар кадоми ин ҷавононро ба ҳуҷраи дигар даъват карда, дасту пойҳояшонро бастааст ва дар пайи латукӯбу шиканҷа талаб кардааст, ки ҳар кадомашон бояд барои халосӣ маблағи калон оранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.