Сухангӯи Парлумони Тоҷикистон соҳиби медали тилло шуд

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Парлумони Тоҷикистон  соҳиби медали тиллои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни  маросими тантанавӣ дар ҳузури вакилон ба сухангӯи Парлумон-мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов медали тиллоро супорид.

Гуфта мешавад, ки тибқи қарори Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон барои саҳми арзанда гузоштан дар ташаккули фазои иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо медали «Дарахти дӯстӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои «Мир» сарфароз гардонида шудааст.

Муҳаммадато Султонов хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов мебошад. Номбурда зиёда аз 20 сол мешавад, ки сухангӯи Парлумони  мамлакат аст. Муҳаммадато Султонов муалифи панҷ китоб ва силсиламақолаю очеркҳо аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *