Сурхакони маймун. Таҳдиди вируси нав ба одамон

Ҷаҳон нав аз даҳшати короновирус дар ҳоли раҳо шудан буд, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз хурӯҷи вируси нав хабар дод, ки “сурхакони маймун” ном дорад.

Хатари нав

Табибон дар Аврупо ва Амрико мавридҳои гирифторӣ ба як вируси нодир ба номи «сурхакони маймун»-ро, ки дар Африқо бештар паҳн шудааст, тасдиқ карданд. Канада гуфт, ки дар ҳоли баррасии чанд мавриди шубҳаовар аст. Таби баланду дард, варами дасту пой ва обилаи рӯйи бадан аз нишонаҳои гирифторӣ ба ин навъи вирус гуфта мешавад.

Мудири аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор дод, ки вируси нодири «сурхакони маймун» метавонад дар фасли тобистон дар минтақа афзоиш ёбад.

Ҳанс Клюге рӯзи 20-уми май гуфт, ки «вақте тобистон дар Аврупо фаро мерасад, таҷаммӯи одамон, ҷашнвораҳо ва зиёфатҳо бештар мешавад. Ман аз он дар ташвишам, ки гузаштани беморӣ суръат хоҳад гирифт».

То кунун зиёда аз 100 мавриди гирифторӣ ба вирус дар Белгия, Фаронса, Олмон, Итолиё, Португалия, Испания, Шветсия, Ҳолланд ва Бритониё тасдиқ шудаанд ё дар ҳоли баррасӣ ҳастанд. Чанд мавриди гирифторӣ дар Иёлоти Муттаҳида, Канада ва Австралия низ сабт шудаанд.

Олимон интизор надоранд, ки «сурхакони маймун» ба монанди коронавируси нав ба пандемия табдил ёбад, зеро ба гуфтаи онҳо «зуду осон паҳн намешавад».

Ин бемориро табибоне, ки бемории ҷинсиро муолиҷа мекунанд, пайдо кардаанд ва дар байни мардҳое, ки бо мардон робитаи ҷинсӣ доштаанд.

Алоқаи ҷинсии бехатар

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар пасманзари хурӯҷи бемории “сурхакони маймун” берун аз қитъаи Африқо ваксиназании оммавии аҳолиро зарур намешуморад. Дар ин бора доктор Ричард Пибоди аз дафтари аврупоии Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар додааст.

Тавре Пибоди ба оҷонсии хабарии «Рейтерс» гуфтааст, захираи ваксинаҳо ва доруҳои зиддивирусӣ дар ҳоли ҳозир нокифоя аст, аз ин рӯ, барои пешгирии авҷ бояд шурути тамос ва карантин риоя карда шавад.

«Муҳимтар аз ҳама — алоқаи ҷинсии бехатар, риояи беҳдошт, мунтазам шустани дастҳост. Ҳамаи инҳо барои маҳдуд кардани паҳншавии вирус мусоидат мекунанд»,- таъкид кард табиб.

Бемории “сурхакони маймун” як маризии нодирест, ки ба инсон низ мегузарад.

Беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбанд, аммо баъзеҳо метавонанд онро бо мушкилӣ паси сар кунанд.

Аломатҳои аввалини бемории сурхакони маймун табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошанд. Гирифторони “сурхакони маймун” дар баданашон обилаҳо мебарояд.

Дар Тоҷикистон ин бемориро медонанд…

«Сурхакони маймун» маъмулан дар Африқои Марказӣ ва Ғарбӣ, аксар вақт дар наздикии ҷангалҳои тропикӣ сабт шуда, дар Конго эндемия (мавҷудияти доимии касалии сироятӣ дар маҳале) ба шумор меравад. Онро бори аввал соли 1970 дар бадани одамон кашф карданд.

Одамоне, ки бар зидди бемории “сурхакони маймун” ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.

Дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба вируси нав — “обчакони ҳамдуна” ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ин бора сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, ин беморӣ нав набуда, онро бо забони тоҷикӣ “обчакони ҳамдуна” меноманд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *