Тағироти кадрӣ. Аз барканории раиси Варзоб то ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Варзоб — Шерализода Маҳмадулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардида, Сафарзода Шарифхон, ки то ҳол дар вазифаи муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолият дошт, раиси ноҳияи Варзоб таъин гардид.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ»-и ВМКБ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардида, Комилбек Амид, ки ба ҳайси ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард, ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Бойназарзода Мавлуда директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ»-и ВМКБ таъин гардиданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25 –уми июл  зимни суҳбат ба кадрҳо таъкид кард, ки дар фаъолияти хизмати давлатӣ ҷиддӣ, софдилона ва бо ҳисси баланди масъулият муносибат намуда, манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо боло гузоранд, то дар ҷомеа намунаи ибрат бошанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.