Тақвими рӯз: Аз насби сечароғ то интернети бехатар

Дар ҳамин рӯзи соли 2015 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи модари ҷавон Гулшан Маҷнунова, ки чоргоник таваллуд кард, хонаи сеҳуҷрагӣ туҳфа карда шуд.
5 феврали соли 1952 дар яке аз кӯчаҳои Ню-Йорк аввалин маротиба дар таърих чароғаки роҳ насб карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:
-70-солагии зодрӯзи Ҳайдар Сафиев (1950), доктори илми химия, профессор, академики АИ Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино.
-70- солагии зодрӯзи Маҳмудҷон Ӯлмасов (1950), файласуф.
-60- солагии зодрӯзи Раҷабалӣ Худоёр (1960), адабиётшинос.
-90-солагии зодрӯзи Сайдулло Ҷӯраев (1930-1990), олими соҳаи кишоварзӣ.
Ҳамчунин дар ин рӯз як қатор ҳаводис ба вуқуъ пайвастааст. Чунинчӣ:
-Соли 1850 дар ИМА арифмометр ихтироъ карда шуд.

-Соли 1991 пойтахти Қирғизистон аз Фрунзе ба Бишкек тағйири ном кард.
-Соли 1919 дар Германия миёни шаҳрҳои Берлин ва Веймар аввалин хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ гардид.
-Ва ҳамзамон дар дунё имрӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии интернети бехатар дониста мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *